Директори Хазинаи Байналмилалии Асъор ба Тоҷикистон меояд
Кристалина Георгиева, директори иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор ба Тоҷикистон меояд.
Ин сафари хонум Кристалина Георгиева ба Душанбе 16 майи соли равон пешбинӣ шудааст.
Гуфта мешавад. ки дар доираи ин сафар мулоқоту вохӯриҳои сатҳи баланди ҷониби Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор хонум Кристалина Георгиева дар назар аст.
Ҳамзамон, Директори иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО-и «Роғун» шинос мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ