Директори Коллеҷи тиббӣ ва ёрдамчии порагираш ба даст афтоданд
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини ноҳияи Муъминобод, омӯзгори Коллеҷи тиббии ш.Конибодом ва директори Коллеҷи мазкур, марди 33-солаи сокини шаҳри Конибодом ҳамчун гумонбар дар гирифтани пора дастгир карда шуданд.
Номбурдагон рӯзи 4-уми июли соли 2017 бо маслиҳати пешакӣ барои дар ин Коллеҷ ҳамчун донишҷӯ дохил намудани ҷавонписари 22-солаи шаҳри Исфара, аз зани 54-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, маблағи 1800 доллари амрикоиро ҳамчун пора талаб намудаанд.
Сипас, рӯзи 12-уми июли соли 2017, тахминан соати 16:00-дақиқа, омӯзгор бо ҳамроҳии директори муассисаи мазкур дар утоқи кориаш дар Коллеҷи тиббӣ ҳангоми аз зани номбурда гирифтани маблағи 1800 доллари амрикоӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ