Директори коллеҷ ва сармуҳосиби ӯ ба даст афтоданд
Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз ифтитоҳи парванда алайҳи Аҳмад Сафаров, директори Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода ва Иброҳим Ҳасанов сармуҳосиби ин муассиса хабар дод.
Тибқи иттилои прокуратура директор ва сармуҳосиб пеши волидони муҳассилини бахши дорусозии коллеҷ шарт гузоштаанд, ки дар баробари маблағи шартнома боз иловагӣ аз 1000 то 1500 доллари амрикоӣ супоранд.
Манбаъ мегӯяд, шуъбаи дорусозӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода соли 2016 ташкил шуд ва қабули довталабон ба он тариқи шартномавӣ ба роҳ монда шудааст: “ Сафаров ва Ҳасанов охирҳои соли 2016 ва аввалҳои соли 2017 аз волидони аксари донишҷӯёни шуъбаи мазкур, ки 51 нафар мебошанд, маблағҳои калони пулӣ талаб карда гирифтаанд”.
Фасодкории масъулини коллеҷ дар пайи он ошкор шудааст, ки волидайни ду донишҷӯ маблағи талабкардаи Сафаров ва Ҳасановро дода натавонистанд: “Бо ин сабаб фарзандони онҳо ба супоридани имтиҳонҳои семестри аввали соли хониш роҳ дода нашуда, масъалаи хориҷ карда шудани онҳо гузошта шудааст”.
Пркуратураи генералӣ афзуд, ки дар пайи муроҷиати ин волидон санҷиш гузаронда шуда, муайян гардид, ки ки 20 январи соли 2016 директори Коллеҷ Сафаров аз якеи онҳо 3500 сомонӣ ва 25 январи соли 2017 бошад, сармуҳосиби Коллеҷ Ҳасанов аз дигараш 8000 сомонӣ гирифтааст: “Дар рафти чорабиниҳои гузаронидашуда далелҳои шайъӣ – маблағҳои ба ҳайси пора гирифташуда аз утоқи кории директори Коллеҷ Сафаров ёфта, мусодира шуд”.
Манбаъ таъкид намуд, ки феълан директор ва сармуҳосиб дар боздошт буда, тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи онҳо идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ