Директори мактаб ҳам ба Артиш рафт
Директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ Раҳмоналӣ Раҷабзода дар мавсими тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ шомил шудааст. Ҳоло ӯ дар қисми ҳарбии шаҳри Кӯлоб хизмати Ватан-Модарро адо менамояд.
Мавсуф соли 2018 мактаби номбурдаро хатм намуда, худи ҳамон сол ба факултети рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил шудааст. Пас аз хатми донишгоҳ, ў муддате ба ҳайси рўзноманигор фаъолият намуда, сипас ба пешаи омӯзгорӣ рӯ овардааст. Фаъолияти хуби корӣ, аз ҷумла дониши баланд, ташаббускорию навовариашро дида, роҳбарияти ноҳия ӯро ба вазифаи директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и зодгоҳаш таъйин намуданд.
Бо талошҳои Раҳмоналӣ Раҷабзода дар мактаб баҳри беҳтар намудани сифати таълиму тарбия корҳои зиёде ба анҷом расиданд. Аз ҷумла, дар байни хонандагон озмунҳои гуногуни эҷодию зеҳнӣ ташкил гардида, ғолибон ҳавасманд гардонида мешуданд. Ҳамин буд, ки сафи хонандагони фаъоли ин мактаб, ки натиҷаҳои хубро дар озмунҳои ноҳиявию вилоятӣ ноил мегаштанд, зиёд гардид.
«Дар мактаб ба шогирдон дарси ватандӯстӣ медиҳем. Пайваста мегӯем, ки дӯст доштани Ватан қарзи имонию виҷдонии ҳар ҷавонмард мебошад. Хостам дар амал собит созам, ки баҳри ҳифзи марзу буми Ватан ҳамеша омодаам ва он бароям арзиши муқаддас аст»,- иброз медорад Раҳмоналӣ.
Ў мегӯяд, ки «бо шогирдони худ баҳри иштирок дар озмунҳои зеҳнии ҷумҳуриявӣ нақшаҳои зиёд доштем, насиб бошад, пас аз адои хизмати ҳарбӣ ҳамаи онҳоро амалӣ месозем».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ