Директори мактаб исрофкорӣ кард

Зани 47-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, директори яке аз муассисаҳои миёнаи таҳсилоти умумии шаҳри мазкур бо гумони ба исрофкорӣ роҳ додани маблағҳои мактаб дастгир карда шуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, гумонбаршуда аз моҳи сентябри соли 2016 то моҳи майи соли 2017 дар асоси маслиҳати пешакӣ бо кормандони масъули муассисаи таҳсилотии мазкур, бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ 49 ҳазору 717 сомониро, ки тибқи протоколи ҷаласаи умумимактабии волидайни мактаби мазкур ҳамчун фонди хайрия ташкил шуда, ҳар моҳ аз ҳисоби 770 нафар волидайни тарбиятгирандагон ҷамъоварӣ карда мешавад, бе ворид намудан ба суратҳисоби махсуси буҷети маҳаллӣ маблағҳоро аз они худ намуда, исрофкорона хароҷот намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *