Директори Маркази миллии тестӣ ҳам аз мақомаш барканор шуд

Дар идомаи тағйироти кадрӣ, ки имрӯз сурат гирифт, Хуршед Икромӣ, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон ҳам аз мақомаш барканор шудааст.

Як манбаъ аз Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон ба Pressa.tj иттилоъ дод, ки ҳоло супориш шуд, то тамоми кормандонро дар маҷлисгоҳ ҷамъ оранд, зеро роҳбари нав муаррифӣ хоҳад шуд. Аммо манбаъ нагуфт, ки Хуршед Икромӣ ба кадом вазифа таъин шудааст ва ба ҷойи ӯ кӣ омадааст.

Вале манобеи огоҳ мегӯянд, ки Ҷаъфарзода Сабзаалӣ, ки то ин замон муовини директори Маркази миллии тестӣ буд, ҷойгузуни Икромӣ шудааст.

Хуршед Икромӣ 11-уми феврали соли 1969 дар ноҳияи Темурмалик таваллуд шудааст. Ӯ соли 1992 факултети технологии Донишгоҳи политехникии шаҳри Бишкекро бо дипломи аъло хатм карда, солҳои 1987-1989 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Артиши Шӯравӣ хизмати ҳарбиро адо намудааст.

Ӯ номзади илмҳои техникӣ мебошад. Бо мукофоти давлатии медали “Хизмати шоиста” ва бо медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.

Фаъолияти меҳнатиро соли 1992 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамчун лаборанти калони кафедраи “Химия ва технологияи саноати хӯрокворӣ” оғоз кардааст. Дар солҳои 1993-2003 дар вазифаҳои омӯзгор — таҷрибаомӯз, сарнозири шуъбаи таълиму тарбия, саромӯзгор, муовини декани факултети муҳандисӣ-иқтисодии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 2003-2009 дар вазифаи директори Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб фаъолият намудааст. Солҳои 2009-2014 дар вазифаи ноиби ректор оид ба инноватсия ва технологияҳои таълимии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон кор карда, дар фаъолияти инноватсионии донишгоҳ фаъолона иштирок кардааст.

Ҳамзамон, дар солҳои 1994-2003 ҳамчун аспирант ва унвонҷӯи Институти химияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои илмию тадқиқотӣ машғул шуда, соли 2004 бо ҳимояи рисолаи илмӣ дараҷаи илмии номзади илмҳои техникиро соҳиб гардидааст.

Оиладор ва соҳиби се фарзанд мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *