Директори собиқи «Роғун» аз коронавирус вафот кард

Николай Савченков, раиси пешини сохтмони нирӯгоҳи барқи обии «Роғун» (1978-1992), бар асари бемории коронавирус дар шаҳри Маскав даргузашт. Савченков 88-сола буд.
Ба гуфти писараш Степан,ки ба расонаҳо дар ин бора иттилоъ додааст,Николай Савченкоро 4-уми декабри имсол бо нишонаҳои «поинравии гемоглабини хун» дар як шифохонаи Маскав бистарӣ карданд ва ӯ 17-уми декабр фавтид.
«Як ҳафта истод, табаш баланд шуд. Гуфтанд, ки илтиҳоби шуш шудааст. Рӯзи 11-уми декабр натиҷаи ташхис аз коронавирус манфӣ баромад. Пизишкон гуфтанд, метавонед ба хона баред, аммо шоми он рӯз дубора озмоиш карданд. Он вақт натиҷа мусбат баромад», — нақл кард ӯ.
Савченкови хурдӣ мегӯяд, падарашро барои санҷидани вазъи саломатӣ ба шифохона бурда буданд ва эҳтимол дар онҷо ба бемории ҳамагир мубтало шудааст.
Ба гуфтаи Степан Савченков, дар Маскав 7 бемористони вижа барои муолиҷаи гирифторони коронавирус амал мекунад ва падарашро баъди мусбат баромадани ташхис ба шифохоани рақами 70 бурданд. «Ҳолаш торафт бад мешуд ва даргузашт», — гуфт ӯ.Ба нақли Степан Савченков, падараш аз дарди дил ҳам ранҷ мекашид ва солҳои ахир хеле заиф шуда буд. Вай афзуд, ҳоло дар ташвиши ҷамъоварии санадҳои тасдиқкунандаи марги падар аст ва шояд ҷасадашро рӯзи шанбе ё якшанбе дафн кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *