Директори ЮНЕСКО аз Тоҷикистон дидан намуд
Аз санаи 24 то 28 сентябри соли 2018 директори Бюрои минтақавӣ ва намояндагии ЮНЕСКО дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон Криста Пиккат бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошт.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳанд зимни ин сафар хонум Криста Пиккат аз ёдгориҳои таърихии воқеъ дар Тоҷикистон, ки ба рӯйхати қаблии Ёдгориҳои таърихии ЮНЕСКО ворид шудаанд, аз ҷумла, маъбади буддоии Аҷинатеппа, шаҳри асримиёнагии Ҳулбук ва Мақбараи Хоҷа Машҳад дидан намуд.
Ҳадафи сафар омодагӣ ба лоиҳаи ЮНЕСКО «Пешбурди фаъолияти гузаргоҳи Роҳи абрешим дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва Эрон дар доираи равияи байналмилалии Соли мероси фарҳангӣ бо маблағгузори Иттиҳоди Аврупо» буд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни сафари мазкур Криста Пиккатро кормандони Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара ва Осорхонаи ноҳияи Қубодиён истиқбол гирифта, ӯро бо нигораҳои осорхона шинос намуданд. Инчунин дар назди Қасри фарҳанги ноҳияи Қубодиён намоиши осори ҳунарҳои мардумӣ таҳия гардида буд, ки аз ҷониби меҳмонон баҳои баланд гирифт.
Директори бюрои минтақавӣ ва намояндагии ЮНЕСКО дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон Криста Пиккатро зимни сафари корӣ сардори шуъбаи ҳифзи ёдгориҳои таърихии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷаев ҳамроҳӣ намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ