Директорон бо дипломи қалбакӣ аз вазифа сабукдӯш шудаанд

 Мақомоти прокуратураи вилояти Суғд мегӯяд, бо дипломи қалбакӣ фаъолият бурдани шаш нафар директорону ҷонишинони онҳо ва омӯзгорони мактабҳои миёнаи ин вилоятро ошкор кардаанд. Ин ҳолат дар пайи санҷиш дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд муайян гардида 3 нафар аз директорону ҷонишинони онҳо, ки бо дипломи қалбакӣ кор мекарданд аз вазифа сабукдӯш шудаанд.

Инчунин санҷиши вазифавии 3 нафар аз омӯзгорону директорон, ки бо дипломи қалбакӣ дар мактаб ба кор ҷалб шуда буданд идома дорад.

  Ин нукта дар як ҷаласаи мушовараи прокуратура рӯзи 25 ноябр зикр гардид. Баҳси вазъи таълиму тарбия, сифати таълим ва ҷиноятсодиркуниву аз худкунии маблағҳои буҷавӣ аз сӯи маорифчиёнро дар  шумораиҳо баъдии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа кунед.

Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *