ДИСДДТТ: Дастовардҳои назаррас дар давоми 5 соли охир

Донишҷӯёни Муассисаи давлатии “Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳрии Хуҷанд” дар давоми таҳсили соли ҷорӣ аз рӯи 5 номгӯи озмунҳои гуногун дар сатҳи ҷумҳурӣ иштирок карда, ҷойҳои намоёнро соҳиб шуданд.

Донишҷӯёни донишкада аз рӯи номгӯи озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат”, “Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ”, инчунин дар ду озмуни дигар — “Таҳаммулпазирӣ ва муқовимат бар он”, озмун бо ширкати машваратии ТОП-КОНСАЛТИНГ фаъолони иштирок карда, ғолибият ва тӯҳфаҳои арзишмандро ба даст оварданд.

Дар давоми соли таҳсили ҷорӣ дар давраи шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” ду нафар донишҷӯи донишкада аз рӯйи фанҳои география ва математика сазовори ҷойи 2-юм гардиданд.

Инчунин, дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” донишҷӯи донишкада Фирдавс Ӯрунов дар бахши шоирӣ сазовори ҷойи сеюм гардид.

Донишҷӯёни донишкада дар озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯ ва пешрафти илмӣ-техникӣ” фаъолона иштирок карда, соҳиби ду адад дипломи дараҷаи 1, ду адад дипломи дараҷаи 2 ва ду адад дипломи дараҷаи 3 гариданд.

Ба гуфти Ҳошимзода, аз рӯи ҷамъбасти Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Дониш талабу бузургӣ омӯз…” донишҷӯёни донишкада дар байни муассисаҳои олии кишвар сазовори ҷойи 2-юм аз фанни забони англисӣ ва сазовори ҷойи 3-юм аз фанни назарияи иқтисодӣ гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки санаи 26-уми ноябр маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм — фурўғи маърифат» ва «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» дар толори гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд. Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурўғи маърифат» бо мақсади таъмини иҷрои банди 4-уми Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 11-уми феврали соли 2021, №АП-44, қарори Раиси вилояти Суғд аз 30-юми марти соли 2021, №140 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурўғи маърифат» ташкил ва гузаронида шуда, мақсади баргузории озмуни мазкур амалисозии барномаи «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040» ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷўён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омўзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт мебошад.

Озмуни мазкур дар самтҳои математика, физика ва астраномия, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ доир гардид.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба 150 нафар ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурўғи маърифат» ва «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» мувофиқ ба ишғоли мақомҳояшон аз 500 то 1000 сомонӣ маблағҳои пули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.

Аз ҷумла, ба донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ Ӯрунов Фирӯз барои ишғоли ҷойи сеюм дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯи номинатсияи эҷоди назму наср ва ба Алиев Азизҷон барои ишғоли ҷойи сеюм дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Илм — фурӯғи маърифат” аз рӯи номинатсияи технологияи итилоотӣ бо дипломи дараҷаи 3 ва ба ҳаҷми 500 сомонӣ маблағҳои пулӣ супорида шуда буд.

Дар баробари ин, барои боз ҳам ҳавасманд кардани донишҷӯёни донишкада барои ширкат дар озмуну олимпиадаҳо ғолибон аз ҷониби директори донишкада бо туҳфаҳои арзишманд, аз ҷумла ноутбук, нетбук ва смартфонҳо сарафроз гардонида мешаванд.

Фарзона МУРОДӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *