«Дива»-и Шабнами Сурайёро беш аз 150 нафар тамошо карданд (Видео)

Овозхони шинохтаи тоҷик Шабнами Сурайё видеоклипи таронаи навашро бо номи «Дива” нашр кард. Ин таронаро дар байни 6 рӯз дар Интернет алакай беш аз 150 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

Видеоклипи таронаи нави Шабнами Сурайё бо номи «Дива”-ро ширкати «Panjsher Media” рӯзи 9 апрел дар Ютуб нашр кардааст.

Ин тарона дар бораи ҷуфти дилдодагонест, ки дар остонаи ҷудоӣ қарор гирифтаанд:

Бас аст, бас аст дурӯғ, аз барои Худо,

Бояд ки мо аз ҳам шавем ҷудо.

Дери дер аст, азизам,

Барои бо ту будан.

Хеле дер аст, азизам,

Барои ошиқ шудан.

Бо вуҷуди матни сода, мусиқии дилчасп ва тарзи иҷрои Шабнами Сурайё тавонистааст дар зарфи 6 рӯз таваҷҷӯҳи беш аз 150 ҳазор нафарро ба ин тарона дар Ютуб ҷалб кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *