Диёрбек “бор”-и 800 доллараи “Тоҷик Эйр” шуд

Дилноза Каримова барои интиқоли ҷасади писари шашсолааш Диёрбек аз Деҳлӣ то Душанбе ба ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр” 800 доллар пардохт кардааст.

Ин дар ҳолест ки бар асоси дастури Президент, ширкатҳои ватанӣ, аз ҷумла «Тоҷик Эйр” ҷасадҳои шаҳрвандони тоҷики дар хориҷа фавтидаро бояд бепул биёранд. Барои интиқоли ҷасади Диёрбек Аминҷонов, писари шашсолаи овозхони маъруф Дилноза Каримова аз Деҳлӣ то Душанбе ба ширкати «Тоҷик Эйр” 800 доллар пардохт кардаанд.Ин моҷаро вақте бархост, ки намояндагони «Тоҷик Эйр” дар фурудгоҳи Душанбе барои ҳар килои «бор” аз наздикони Дилноза Каримова 2 евро талаб кардаанд. «Бор”-и онҳо ҳамин тобути Диёрбеки шашсола буд…Ҷанозаи Диёрбекро нимаи дуюми рӯзи 2 январ бо ҳавопаймои «Тоҷик Эйр” аз Деҳлӣ ба Душанбе оварданд. Соати 18 аз Душанбе ба Хуҷанд ҳавопаймои «Тоҷик Эйр” парвоз мекард, вале намояндагони ин ширкат боз ҳам барои интиқоли тобут тақозои пул кардаанд.Масъулони фурудгоҳи Душанбе дар пайи ин моҷаро ба наздикони Дилноза Каримова машварат додаанд, ки ду соати дигар сабр карда, бо парвози соати 20-и ширкати «Сомон Эйр” тобути Диёрбекро ба Хуҷанд баранд. Дар айни замон, маъмурияти фурудгоҳи Душанбе ба кормандонаш амр додааст, ки тамоми умури марбут ба интиқоли ҷасади ин кӯдакро маҷҷонӣ анҷом бидиҳанд.Барои онҳое ки шоми 2 январ дар фурудгоҳи Душанбе шоҳиди барои пул моҷаро бардоштани намояндагони «Тоҷик Эйр” шуданд, ин амал комилан ғайри қобили фаҳм буд: «Охир ин бар хилофи фармони президент аст, ки ба ширкатҳои Тоҷикистон, аз ҷумла ба ширкати роҳи оҳан ва «Тоҷик Эйр” амр дода буд, ки ҷасадҳои шаҳрвандони тоҷикро бепул ба Ватан биоранд. Намояндаи «Тоҷик Эйр” мегӯяд, ки ин амр барои аз хориҷ овардан буд, вале барои аз Душанбе ба Хуҷанд бурдан барои ҳар килои «бор” ду евро. Баъд маълум шуд, ки барои аз Деҳлӣ то Душанбе овардани ҷасади Диёрбек низ 800 доллар додаанд.”Ҷанозаи Диёрбек Аминҷонови ғӯррамаргро шоми 2 январ бо ҳавопаймои «Сомон Эйр” аз Душанбе ба Хуҷанд расонда, субҳи 3 январ ба хок супурданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *