“Диёри Душанбе”-и Қатар идома дорад?

Қаблан сармоягузорҳои қатарӣ сохтмони маҷмааи истиқоматии “Диёри Душанбе”-ро маблағгузорӣ карда буданд.

Мақомоти Қатар гуфтаанд, Созмони сармоягузориҳои ин кишвар омода аст дар сармоягузории лоиҳаҳои мухталифи иқтисодӣ дар Тоҷикистон, ки аҳамияти миллию минтақавӣ доранд, саҳми худро хоҳанд гузошт.

Қаблан сармоягузорҳои қатарӣ сохтмони маҷмааи истиқоматии “Диёри Душанбе”-ро маблағгузорӣ карда буданд.

Мансур бин Иброҳим Оли Маҳмуд, мудири иҷроияи Созмони сармоягузориҳои Қатар зимни дидор бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ин маҷмааро намунаи барҷастаи ҳамкориҳои судманди ду кишвари дӯст номид.

Ҳамчунин, Шукурҷон Зуҳуров дар шаҳри Даҳва бо Шайх Абдуллоҳбин Носир бин Халифа Оли Сонӣ, сарвазир ва вазири корҳои дохилии Қатар дидору гуфтугӯ кард.

Бино ба маълумоти Муҳаммадато Султонов, котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ҷонибҳо аз сатҳи робитаҳои сиёсӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни ин ду кишвар ибрози қаноатмандӣ кардаанд.

Дар мулоқот бо таваҷҷӯҳ ба имконоти молиявӣ ва сармоягузории Қатар ва иқтидори иқтисодии Тоҷикистон тавсеаи ҳамкориҳо дар арсаҳои энергетикӣ, нақлиётӣ, кишоварзӣ, саноатӣ, бонкдорӣ ва сайёҳӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *