Максим

Дизайни сомона. Мӯд, завқ ё қоидаҳо?

Дар ҷаҳони муосир ҳаловатбахшии дизайн як ҷузъи ҷудонашавандаи муҳити мо шудааст. Ҳуҷраҳо, мошинҳо, телефонҳои мобилӣ — ҳама тарҳи беназир ва ҷолиби худро доранд. Ва вақте мо имконият пайдо мекунем, ба фазои интихоби ин тарҳ ҷалб гардида, ба завқ, эҳсосот, афзалиятҳо, тавсияҳои дӯстон, хешовандон ё менеҷерони фурӯш дода мешавем.

Бозии «Дизайнро интихоб кунед!» як ҷузъи ҳаёти инсони муосир гардидааст. Ба эҳсосот дода шудаву мантиқи солими қоидаҳои тарроҳии тӯли даҳсолаҳо дар бозор ташаккулёфтаро дарк намуда, дизайни сомонаи худро чӣ гуна интихоб кардан мумкин аст? Биёед кӯшиш намоем, то инро фаҳмем.

Завқ

Молики сомона ҳангоми таҳияи дизайн аксар вақт аз рӯи афзалиятҳо ва завқҳои шахсӣ амал мекунад.

Фарз кардем, ки ба ӯ услуби боҳашаммат писанд аст ва албатта мехоҳад дар сомона сояҳои торик ё тиллоиро бубинад, новобаста аз он, ки сатҳи хондани мундариҷаи матн паст мешавад.

Ман гурбаи дӯстдоштае дорам ва мехоҳам онро дар сомона бубинам! Бовар кунед, ин дар таҷрибаи чандинсолаи мо рӯй дод. Аксар вақт хоҳиши ҷойгир кардани акси дӯстдошта вуҷуд дорад, ҳатто агар он ба консепсияи умумӣ мувофиқат накунад.

Тамоюлҳо

Тамоюлҳо дар веб-дизайн аз ҷониби худи корбарон ташаккул меёбанд, на аз ҷониби таҳиягарони сомона, тавре ки мантиқан тахмин кардан мумкин аст. Бале, корбарон бо рафтори худ дар сомонаҳо тамоюли рушдашонро муқаррар мекунанд. Масалан, агар пештар тугмаҳои хурд маъмул буданд, акнун тугма ҳатман бояд ба андозаи ангушти калон бошад, зеро дастгоҳҳои мобилӣ бартарӣ доранд.

Муҳаррики дуюми тамоюлҳо технологияест, ки рушди он боиси тағйирот дар дизайн мегардад.

Масалан, экранҳои нав боиси истифодаи ҳуруфоти инноватсионӣ дар тарҳҳои графикии сомона шуда метавонанд.

Рушди платформаҳои мобилӣ бошад, намуди зоҳирии версияҳои мутобиқшавии захираҳои интернетиро тағйир медиҳад.

Ин мӯд аст

Ҳастанд ҳолатҳое, ки бисёр сомонаҳо ба ҳамдигар монанд мешаванд. Онҳо як тамоюли мӯдро ба даст гирифтаву ба нусхабардории он шуруъ менамоянд. Масалан, тугмаи бузурги занги баргаштро ҷойгир мекунанд. Аммо ин маънои онро надорад, ки ин унсури дизайн функсионалӣ хоҳад буд.

Дар навбати аввал чунин тугма барои истифодабарандагони сомона нав ба назар мерасад, аммо бо мурури замон он дилгиркунанда мешавад ва сипас тамоман бепарвоиро ба вуҷуд меорад. Ба ибораи дигар, одамон ба он вокуниш нишон намедиҳанд.

Дар хотир дошта бошед: мӯд — на ҳамеша самаранок аст.

Бозӣ аз рӯйи қоидаҳо

Дизайни муассиртарин тарҳест, ки дар асоси принсипҳо ва қоидаҳои бунёди сомона сохта шудааст. Он бисёр нуктаҳои муҳимро дар бар мегирад. Он ба интерфейси оптималии корбар асос ёфтааст. Дар он осонии дарки сомона тариқи чашми инсон ва хондани иттилоот ба назар гирифта шудааст.

Қисматҳои муҳим бо рангҳо ва ишораҳои алоҳида таъкид карда мешаванд. Ин рамзи ранг номида мешавад.

Чунин дизайн ягон унсури нолозим ё садо надорад. Он ба таҷрибаи лоиҳаҳои ба ин монанди саноатӣ такя карда, камбудию бартарии онҳоро ба назар мегирад.

Ҳамеша дар хотир дошта бошед — таҳияи дизайн на танҳо як раванди эҷодӣ, балки кори зиёди таҳлилӣ низ ҳаст.

Ва беҳтар аст, ки онро ба мутахассисони дорои таҷрибаи касбӣ бовар намоед.

Агар ягон суолатон боқӣ монда бошад, метавонед шахсан ба ман тавассути телеграмм нависед: @gkmatador

Муаллифи гӯша:

Максим ШУМСКИХ,

Директори генералии ширкати байналмилалии IT «Матадор»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *