Дмитрий Бучинро муҳоҷирони тоҷик куштани буданд

Се шаҳрванди Тоҷикистон ба қасди куштори Дмитрий Бучин, як қартабози машҳур дар шаҳри Новокузнетск айбдор мешаванд. Тафтишот мегӯяд, Баҳромҷон Абдураимов аз Бучин 5 миллион рубл қарздор шуда, аз ду ҳамватанаш хостааст, то ӯро аз байн баранд. Вале Бучин баъди ҳамла худро бо гулӯи бурида ва пурхун то бемористон расонд ва зинда монд.

Додгоҳи ноҳияи Марказии шаҳри Новокузнетск ба баррасии парвандаи ҷиноятии се шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба қасди куштани як қартабози маъруф айбдор мешаванд, оғоз кардааст. Ин сокини Новокузнетск бо номи Дмитрий Бучин, ба гуфтаи худаш, болои шаҳрвандони Тоҷикистон Баҳром Абдураимов 5 миллион рубл, ё ҳудуди 85 ҳазор доллар қарз дошт, вале қарздор ба ҷои додани ин пул куштани ӯро ба ду ҳамватанаш фармоиш додааст.

Қартабоз мегӯяд, ин 5 миллион рублро ба Баҳромҷон Абдураимов қарз дода буд, вале гумон меравад, ки ба эҳтимоли ғолиб, ин маблағи бузургро шаҳрванди тоҷик дар қартабозӣ ба ин сокини Новокузнетск бой додааст. Бучин дар бозии покер шӯҳрати зиёд дорад.

Бино ба гузориши нашрияи «Город новостей” – манбаи ин хабар, Баҳромҷон Абдураимов дар ибтидо ваъда додааст, ки пулро ба Дмитрий Бучин бармегардонад, вале баъдан аз ин ваъда гаштааст. Ба гуфтаи тафтишот, Абдураимов нақшаи дигаре кашида, аз ду ҳамватанаш – Саъдӣ Раҷабов ва як шарики вай – хостааст, ки Бучинро аз байн баранд. Гуфта мешавад, ки Абдураимов ба ин ду нафар барои куштани қартабоз дувуним миллион рубл, яъне 50 фоизи қарзаш аз Бучинро ваъда додааст.

Саъдӣ Раҷабов ва шарикаш ин фармоишро пазируфта, ба ҷамъоварии маълумот дар бораи Дмитрий Бучин, чӣ гуна мошин доштану дар куҷо зиндагӣ кардани ӯ сар кардаанд.

Моҳи декабри соли 2016, ин ду нафар дар назди манзили Бучин дар кӯчаи Павловский камин гирифта, вақте ки ӯ ба мошинаш менишаст, ҳамла кардаанд. Қартабоз, ки одами хушпул буд, ба ҳамлагарон муқовимат нишон дода, дар охир ҳатто пул пешниҳодашон кардааст, то ӯро накушанд. ВалеСаъдӣ Раҷабов ва шарикаш дастони Бучинро тоб дода, ӯро дохили мошин даровардаанд ва яке аз онҳо аз дари қафо даромада, каллаи қартабозро дошт ва бо корд гулӯяшро буридааст.

Сипас ҳарду ҳамлагар бо ин итминон, ки фармоиш иҷро шуд ва Бучин ба ҳалокат расид, аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд. Аммо зарбаи корд барои Бучин марговар набудааст. Ӯ гулӯяшро, ки аз он хун фаввора мезад, бо дастонаш дошта, ба сари роҳ баромад ва як мошини раҳгузарро манъ карда, худро ба наздиктарин бемористон расонд. Дар инҷо ба вай кумаки лозими тиббӣ расонда, аз панҷаи марг наҷоташ доданд.

Тафтишот мегӯяд, Саъдӣ Раҷабов ва шарикаш ибтидо мехостанд аз пистолет истифода баранд, вале дар ниҳоят тасмим гирифтаанд, ки корд беҳтар аст, зеро садои тири пистолет метавонад таваҷҷӯҳи атрофиёнро ҷалб кунад ва онҳо барои фирор аз ҷои ҳодиса фурсат наёбанд.

Бо иттиҳоми даст доштан дар ин қатли куштор фақат Саъдӣ Раҷабов, соли таваллудаш 1986, дастгир шудааст. Ду гумонбари дигар – шарики Саъдӣ Раҷабов ва Баҳромҷон Абдураимов, ки фармоишгари ин сӯиқасд дониста мешавад, тавонистаанд аз дасти тафтишот фирор кунанд. Бовар меравад, ки онҳо ба зодгоҳашон Тоҷикистон паноҳ бурдаанд.

Саъдӣ Раҷабов, танҳо нафаре ки барои ин қасди куштор ба додгоҳ эҳзор шудааст, ҳар навъ даст доштани худ дар ҳамла ба қартабози машҳури сокини Новокузнетскро рад мекунад. Ӯ дар додгоҳ гуфт, ки ин парвандаро ба зидди ӯ аз ҳаво сохтаанд.

Вале нашрияи «Город новостей” менависад, ки ба ақидаи тафтишот, маҳз Саъдӣ Раҷабов гулӯи Дмитрий Бучинро бо корд бурида буд. Саъдӣ Раҷабов қаблан бо ҷурми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир низ зиндонӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *