ДМТ: Ҳифзи сарҳад вазифаи ҳар яки мост

Бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Эй ватан, сарҳади ту – сарҳади имони ман аст» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ меҳмонон аз сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ, муҳассилини Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ, Гимназияи ҳарбии ворисони “Куруши Кабир”, ҳайти устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Муовини ректори донишгоҳ оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. зимни сухани табрикотӣ ҳайати устодону кормандони донишгоҳ ва дар симои онҳо кулли афсарону сарбозони Кӯшунҳои сарҳадии ҷумҳуриро ба 30-солагии таъсисёбии Кӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Гуфта шуд, ки аз қадимулайём мардуми соҳибтамаддун ва пуршарафи тоҷик ба ҳифзи марзу буми аҷодии хеш аҳамияти хоса зоҳир намуда, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва далерию мардонагӣ ба воя расидани фарзандони худ ҳамеша кӯшиш мекарданд. Ҳамин аст, ки дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муққадаси шаҳрванд аст”.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи ватандӯстию ҳифзи муқаддасоти миллӣ имкониятҳои мусоид фароҳам овардааст.

Муовини Фармондеҳи Кӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Турабек Назарзода иброз дошт, ки дар шароити ниҳоят ҳассоси минтақа ва ҷаҳони имрӯза ҳифз кардани амнияти халқи тоҷик ва давлати тоҷикон, фазои ороми сиёсиву ҷамъиятӣ, яъне сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат барои давлатдории мо аҳаммияти аввалиндараҷа ва сарнавиштсоз дорад.

Зимнан иттилоъ дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо ДМТ, хусусан бо устоди донишгоҳ Ҷонибек Асрориён китоби “Марзбон” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Кӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шуд.

Дар идомаи чорабинӣ устоди факултети таърих Ҷонибек Асрориён дар мавзӯи “Марзбонӣ, аз аҳди бостон то замони нав: ташаккул ва таҳаввул” ва дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷик Ҷамолиддин Шарифов дар мавзӯи “Нақши пешвои миллат дар ташаккули Кӯшунҳои сарҳадӣ” суханронӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки имрӯз ҳифзи сарҳад вазифаи ҳар яки мост ва бояд сарҳад ҳамчун рамзи садоқату ватандӯстӣ дар қалбу андешаи ҳар тоҷикистонӣ нақш баста, ҳимояи сарҳад вазифаи пуршарафи ҷавонони меҳанпараст ва ҳар шаҳрванди ватандӯст бошад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *