ДМТ ҳаммом ва кошонаи ҳусн месозад

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар назди хобгоҳҳои шаҳраки донишҷӯён дар маҳаллаи Буни Ҳисорак як комплекси маишӣ: ҳаммоми занонаву мардона, кошонаи ҳусн барои занону мардон ва ошхонаву хушкашӯй бунёд мекунад.

Дар ин бора ректори ДМТ, академик Имомзода Маҳмадюсуф, имрӯз дар нишасти матбуотии ниҳоди тобеъаш ба намояндагони ВАО иттилоъ дод.

“Ин комплекс бо мақсади дастгирии донишҷӯён ва беҳ намудани шароити будубоши онҳо дар хобгоҳи ДМТ бунёд мегардад. Пас аз он ки мо қарори сохтмони комплексро эълон кардем, соҳибкорони зиёде муроҷиат карданд ва кӯмаки худро пешниҳод намуданд. Аммо ман рад кардам, ки комплекси мазкур хусусӣ ва тиҷоратӣ бошад. Мо ин комплексро аз ҳисоби маблағҳои донишгоҳ дар назди худи донишгоҳ бунёд мекунем, то ки ба нархи барои донишҷӯён дастрас ба онҳо хизмат расонад”-гуфт, Имомзода.

Ҳамчунин, ректор қайд кард, ки соли равон шаҳраки донишҷӯёни ДМТ бо оби гарм ва интернети беноқил Wi-Fi таъмин карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *