ДМТ ба беморхонаи “Якум Советский” ёрмандӣ кард
Имрӯз, 7 май раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Аҳмадов, маъруф ба “Якум Советский” кӯмак расонд.
“Ин иқдоми донишгоҳ дар пайравӣ ба ташаббусҳои инсондӯстонаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Асосан ин кӯмак ба кормандони бахши бемориҳои сироятии Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Аҳмадов дастрас гардид. Зеро маҳз онҳо дар ин шабу рӯзи вазин ва пурхатар ҷон дар кафи даст барои солимии мардуми азизамон талош меварзанд”, гуфтанд аз раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба Pressa.tj. Тибқи иттилои манбаъ, кӯмаки донишгоҳ аз маводи хӯрока ва ниёзи аввалияи тиббӣ, аз қабли шириниҳои гуногун, қаҳфа ва сачоқчаҳои намнок иборат буд.
Зимни супоридани кӯмаки рамазонӣ Саид Музаффаров, шуъбаи ташхиси машваратӣ аз иқдоми неки роҳбарияти донишгоҳ ва сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ изҳори сипос намудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ