ДМТ бо Донишгоҳи Самарқанд ҳамкорӣ мекунад
Байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Самарқанд ба номи Алишери Навоӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Санади мазкурро ректори Донишгоҳи милли Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Самарқанд ба номи Алишери Навоӣ Рустам Холмуродов имзо карданд. Имзои ҳуҷҷати мазкур дар доираи сафари ҳайати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки он аз 1 то 4 август анҷом ёфт, сурат гирифт.
Тавре Муҳаммадюсуф Имомзода зикр кард, ки дар асоси санади мазкур Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Самарқанд ҳамкории мутақобилан судмандро дар самти табодули таҷриба, амалӣ намудани корҳои илмию пажӯҳишӣ, боздиди ҳайати устодону донишҷӯёни донишгоҳҳои мазкур, иштирок дар конфронсу симпозиумҳо ва таъмини адабиёти илмӣ – оммавиро ба роҳ мемонанд. Алҳол Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо 5 Донишгоҳи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Моҳи майи соли равон Донишгоҳи милли Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Самарқанд 100 нусха китобу адабиётҳои гуногун тақдим наму
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ