ДМТ: Дарсомӯзи тариқи онлай назорат карда мешавад!

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст,ки бо фароҳам кардани шароити лозим назорати волидон тариқи интернет аз раванди дарсомӯзии фарзандонашонро имконпазир намояд.

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, 10 январ дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, дар пайи баррасиҳо сари масъалаи назорати виртуалии ҷараёни таълим дар донишгоҳ тасмим гирифтаанд, ки аввали семестри дуюм, яъне шурӯъ аз феврали соли 2017 ба таври пилотӣ дар заминаи як-ду факулта ин иқдомро роҳандозӣ намоянд. “Волидон ё дигар шахсон метавонанд тавассути интернет пурра дарсҳоро назорат кунанд. Волидон мебинанд, ки фарзанди онҳо ҳангоми дарс ба чӣ кор машғуланд ва ё устоди донишгоҳи мо чӣ гуна дарс мегузаранд. Ният дорем, дар солҳои минбаъда тамоми факултаҳоро бо ин низом фаро гирем”,-таъкид намуд ӯ.

Муҳаммадюсуф Имомзода афзуд,ки тамоми талоши худро барои омода сохтани кадрҳои болаёқат анҷом дода, мехоҳанд мутахассисонро дар хориҷи кишвар ҳамчун муаррифгари Тоҷикистон бубинад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *