ДМТ донишҷӯёни қарздорро бахшид

Имрӯз, 28-уми август 2821  нафар муҳассилини Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз пардохти  маблағи кредит озод карда шуданд.  Ин тасмими ректори таълимгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода  дар Шӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷиикистон  дастгирӣ ёфт.

Тавре аз ДМТ ба сомонаи Pressa.tj хабар доданд,  донишҷӯёни донишгоҳ  аз фанҳои гуногун (дар маҷмӯъ 3587 фан) қарздор буданд. Акнун онҳо аз пардохти маблағи кредит озод шуда, бидуни мушкилот таҳсилро идома медиҳанд.

Ёдрас мешавем, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аввалин муассисаи олист, ки ба донишҷӯён дар замони пандемияи коронавирус сабукӣ дод. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *