ДМТ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ҷойи якумро гирифт

Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеъ ва натиҷаи фаъолияти чанде аз муассисаои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикисторо натиҷагирӣ намуд. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ сазовори ҷойи якум гардид.

Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми кишвар, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи таълим, корҳои илмӣ-тадқиқотии муассисаҳоро мавриди санҷиш қарор дода, ДМТ бо касби xoлҳои бештар сазовори ҷойи якум ва туҳфаи хотиравӣ гардид.

— Туҳфаи хотиравӣ ба муовини аввал, муовини ректори донишгоҳ оид ба таълим Абдулмуминзода Насимҷон супорида шуд,- меафзояд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази бузурги таълимию илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Нақши ин муассисаи олӣ дар рушду такомули соҳаи илму маориф, тарбияи кадрҳои баландихтисоси кишвар муассир аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *