ДМТ соҳиби боз як маркази илмӣ-таҳқиқотӣ шуд

Дар  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат ба фаъолият оғоз намуд.

Гуфта мешавад, ки Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат омӯзиши мактаби давлатдории Пешвои миллат низ ба ҳисоб рафта, акнун дар даҳҳо самт — таърих, сиёсатшиносӣ, дипломатия, ҳуқуқ, публитсистика, адабиёт ва ғайра  масъалаҳои гуногун  таҳқиқ мегарданд.

Дар ҳошияи ифтитоҳи ин марказ таҳти унвони «Пешво — бунёдгузори давлатдории навини миллӣ» конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷуразода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

Ҳоло дар маркази мазкур зиёда аз 600 асар дар бораи корномаҳои Пешвои миллат фароҳам оварда шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *