Доғистониҳо 3 ҷавони ёвониро куштанд

Санаи 17-уми сентябр, соати 8-00-и субҳ тобути оҳании 3 ҷавони тоҷик тариқи ҳавопаймо аз Русия ба Ватан оварда шуд. Маълум шуд, ки кушташудагон сокинони деҳаи Чаманистони ноҳияи Ёвон буда, бар асари муноқиша бо як гурӯҳ ҷавонони доғистонӣ ба ҳалокат расидаанд. Ҷавоне, ки гробҳоро ҳамроҳӣ менамуд, бо шарти ошкор накардани ному насабаш ҳодисаро ба хабарнигори мо чунин шарҳ дод: «Сафар ном тоҷики самарқандӣ онҳоро бо се духтари доғистонӣ шинос карда буд ва шабҳо ба иҷорахонаи он зебосанамҳо мерафтанд. Шабе ҳангоми ишқварзӣ бо духтарони доғистонӣ ба дасти як гурӯҳ ҷавонони Доғистон афтодаанд. Доғистониҳоро дар Русия ҳамчун мардуми хунашон гарм мешиносанд ва аз бало ҳазар гӯён, аз онҳо канораҷӯӣ мекунанд. Дар ҳақиқат ин мардум ҳисси бисёр баланди миллӣ доранд. Онҳо бачаҳои тоҷикро барои ишқварзӣ карданашон бо духтарҳои доғистонӣ сахт ҷазо дода, ваҳшиёна ба ҳалокат расонидаанд ва мурдаашонро дар ҷангал партофтаанд, то туъмаи даррандагон гарданд. Баъди ҷасадҳоро пайдо намудани полис, мо, тоҷикони шаҳри Иркутск пул ҷамъ карда, се гроб харидем ва мурдаи ҳамватанонамонро ба Ватан овардем,  то ғарибгӯр нашаванд…

Аз рӯйи гуфти ин ҷавон кушташудагон ҳар се хеле ҷавон буда, тақрибан 22-25- сола ҳастанд ва зери шиканҷаи доғистониҳо бо азобҳои алим ҷон ба ҷонофарин супурдаанд…

Мехоҳед донед, ки ин се ҷавони  шаҳид кистанд ва чӣ онҳоро ба мулки рус бурда буд? Асрори марги ин се тоҷикбачаро донистан хоҳед, бо сомонаи «Tajikistantimes.com» бимонед. Мо тасмим гирифтаем, ки рӯзҳои наздик ба ноҳияи Ёвон сафар намуда, бо пайвандони ин се ҷавони ғуррамарг ҳамсуҳбат гашта, асрори марги онҳоро бикшоем.

Рустам Азимӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *