Дод аз дасти ҳаннотон (видео)

Мардумро коронавирус мекушад ё нархи бозор?

То фаро расидани моҳи шарифи Рамазон рӯзҳои башумор мондаанд. Имрӯз бозори фурӯши маҳсулот дар Душанбе ва дигар манотиқи кишвар гарм аст. Гурӯҳе  аз тарси коронавирус ва бархеи дигар аз омад-омади моҳи Рамазон  барои захираи маҳсулот рӯ ба бозор овардаанд.  

Лимит дар хариди маҳсулот

Хабарнигори «Pressa.tj» ба бозори “Саховат” омад, то бубинад, ки дар ин рӯзҳои серташвиш нархи маҳсулот ниёзи аввал чӣ гуна аст? Табиист, ки нарх нисбат ба як моҳ пеш хеле фарқ мекунад ва гурӯҳ-гурӯҳ мардум барои хариди маҳсулот навбат мепоянд. Ин манзара “яке дар ғами ҷону дигаре дар ғами чарбуро” ба ёд меорад. Дар ярмаркае, ки берун аз бозор ташкил шудааст, нарх нисбат ба дохили бозор бамаротиб фарқ мекунад. Харидорони зиёд дар навбат истодаанд, то бо нархи арзон картошкаву пиёз ва анвои лозимро харанд. Фурӯшандаҳо бошанд, ба як нафар аз 5 кг зиёд маҳсулот намефурӯшанд. Як кг картошка 3 сомонию 50 дирам, 1 кг сабзӣ 1 сомонию 30 дирам ва 1 кг пиёз 3 сомонию 30 дирам, 1 халта орди 50 кг 205 сомонӣ ва 1 кг гӯшт 48 сомонӣ арзиш дорад. Аммо дар дохили бозор бо ин нархҳо маҳсулоти даркориро пайдо кардан ғайриимкон мебошад. Як кг картошка 6 сомонӣ, пиёз 4 сомонӣ ва сабзӣ  2 сомонӣ аст. Дар ин ҷо муносибати фурӯшандагон бо харидорон  масали “гӯр сӯзаду дег ҷӯшад”-ро ба хотир меорад. Яъне, бо истифода аз ин харидорон мехоҳанд, ки бо нархи баланд маҳсулоташонро фурӯшанду маблағи муфт ба даст оранд. Аммо дар асл чунин нест, фурӯшандаҳо мегӯянд, ки маҳсулотро яклухт бо ҳамин нарх меоранд ва бе зам кардан ба фурӯш мебароранд. Як нафар фурӯшандаи “Саховат” қасам мехӯрд, ки картошкаро 6 сомонию 30 дирам харидааст, аммо бо дастури раиси бозор онро 6 сомонӣ мефӯрашад. (навор дар www.pressa.tj)

Масъулини бозор чӣ мегӯянд?

Сокинони шаҳри Душанбе 14-уми апрел дар бозори “Саховат” барои хариди картошка навбат меистоданд.  Як нафари онҳо гуфт, «шашум одам дар навбатам, меъёри тақсим ин аст, ки картошкаро аз 20 сомонӣ зиёд намедиҳанд. Дар моҳи Рамазон нархи маҳсулот ниҳоят гарон аст. Ин ҷо омадем, нарх нисбат ба дигар ҷо арзон, вале сифат фарқ мекунад». Кормандони бозор тасмими ҷорӣ намудани лимит дар хариди картошкаро ба фоидаи муштариён медонанд. Наврӯз Бобоев, ҳуқуқшиноси бозори «Саховат» мегӯяд, агар чунин тартибро роҳандозӣ намекарданд, миёнаравҳо онро бо нархи арзон харидорӣ намуда, дар ҷойҳои дигар бо нархи гарон ба савдо мегузоштанд. «Барои пешгирӣ аз афзоиши нарх, чунин талаботро ба миён гузоштем»,-афзуд вай. Ӯ ҳамзамон сабаби афзоиши нархи маҳсулотро ба баста будани марзҳо ва то ҳанӯз ворид нашудани маҳсулоти ватанӣ ба бозор рабт дод. Нусратулло Раҳматшоев, масъули дигари бозори “Саховат” мегӯяд, ки дар аввали моҳи Рамазон тасмим доранд бо истифода аз имконияти шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон боз якмаркаи маҳсулоти кишоварзиро доир намоянд. “Ҳоло маҳсулоти кишоварзии баҳорӣ пурра ба бозор набаромадаст. Аксарияти маҳсулот дар бозор аз захираҳои соли гузашта мебошад. Мо ният дорем, ки маҳсулоти навро оварда, нархро коҳиш диҳем. Инчунин, дар ярмаркаи минбаъда аз имкониятҳои Агентии захираҳои давлатии назди Ҳукумати Тоҷикистон истифода мешавад”-гуфт, номбурда. 

Аммо бархе аз тоҷирон дар баробари манъу кам шудани воридоти маҳсулот, афзоиши қурби долларро низ яке аз омилҳои гаронии нархҳо меноманд.

Бозори сиёҳи асъор

Рӯзи 14-уми апрел қурби 100 доллар баробар ба 1023 сомонӣ пешбинӣ гардид, ки ба қавли огоҳон, чунин беқурбшавии асъори миллӣ ба нархҳо бетаъсир намемонад. Ҳарчанд рубли русӣ нисбат ба ду ҳафта пеш каме боло рафтааст, аммо қурби доллар майли болоравӣ дорад. аз рӯи таҳқиқоте, ки мо гузаронидем, 100 доллар дар бозори сиёҳи асъор аз марзи 1150 сомонӣ ҳам убур дорад. Саррофон бошанд, бо қурбе, ки Бонки миллӣ барои фурӯш муайян кардааст, ба мизоҷон намефурӯшанд. Баҳона як аст: “доллар надорем”. Ин ҳама боис бар он шудааст, ки айни ҳол нархҳо дар бозорҳои Душанбе дар муқоиса ба ҳафтаи гузашта майли болоравӣ дорад.  Аз ҷумла, як халта орд аз 215 то 235 сомонӣ, як кг пиёз 3,5-4 сомонӣ, як литр равған ҳудуди 13-14 сомонӣ нархгузорӣ шудааст. Назира сокини шаҳри Душанбе гуфт, ки 1 кг картошкаро дар бозори назди “Автовокзал” 7 сомонию 30 дирам, 1 кг пиёз 6 сомонӣ нарх дошт. Мардум илоҷе надоранд, маҷбуранд, ки харидорӣ кунанд, зеро дар пеш Рамазон аст.

Тиҷорати бар зиён?

Баъзе тоҷирон низ мисли муштариён аз гаронии нархҳо нигаронӣ мекунанд ва мегӯянд, ки назорати аз ҳад зиёд болои нархҳо, боиси он шудааст, ки тиҷораташон бар зарарашон анҷом меёбад.

Ба гуфтаи фурӯшандаҳо, тайи чанд рӯзи охир ширкатҳо маҳсулотро бо нархи гарон пешниҳод мекунанд. Онҳо низ ночоранд онро қимат фурӯшанд. «Як килограмм макарон 9 сомониву 90 дирам аст. Фирмаҳо меоранд, ки гиред. Як килограмм лӯбиё 14 сомонӣ. Маоши мардум 500 сомонӣ, бо ин нарх аз куҷо меёбанд ва мехӯранд»-гуфт як нафар соҳибкори бозор.

Коршиносон мегӯянд, бо таваҷҷуҳ ба вазъи пешомада дар бозорҳои кишвар, мақомотро зарур аст, ки ба истеҳсолоти ватанӣ таваҷҷуҳ кунанд ва пойбандии худро аз молҳои воридотӣ камтар намоянд.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, масъулони блоки иқтисодии кишвар бояд ба ин таваҷҷуҳ дошта бошанд, ки тавлиди маҳсулоти мавриди ниёзи мардумро бештар ба роҳ монанд. Ӯ таъкид намуд, ки «бояд як сиёсати дурусти табодули воридот ба роҳ монда шавад, дар бозорҳо талаботу таклифот дуруст мавриди омӯзиш қарор гирад». Ҳарчанд мақомот мегӯянд, бо ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти нисбатан арзон намегузоранд, нархҳо боло раванд, вале таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки имкон дорад бо идомаи вазъ, басташавии марзҳо ва ҷаҳиши қурби доллар, нарх дар бозор боз ҳам болотар равад. Мақомоти дахлдор бошанд, дар пешгирии нархҳо оҷизанд. Аз ҷумла, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон, ки сиёсати нархро пеш мебарад, ҳеҷ як намояндаашро дар бозорҳо намебинед.

Усмон Раҳимзода,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *