Дод аз дасти духтари хола

Салом сомонаи «tajikistantimes».  Ман, як марди дар чорсӯи зиндагӣ ҳайронмонда, мехоҳам дарди диламро ба ту гуфта, аз хонандагони сершуморат маслиҳат пурсам.

Модарам ба ҷону ҳолам намонда, маро дар синни 19 солагӣ зан дод. Ҳарчанд гуфтам, ки ман ҳоло бисёр ҷавон ва ба зиндагии оилавӣ тайёр нестам, касе ба гапам гӯш кардан нахост. Сабаби шитоб кардани модарам ҷиянаш буд. Очаи бечораам бо умеди он ки духтари хоҳарашро келин карда, дами пирӣ роҳат мекунад, ба қавли пирон тамоми ёфту тофташро сарф карда, тӯйи пуршукуҳе орост ва бо садҳо орзуву ҳавас ҷиянашро келин кард, аммо…

Ҳамсарам аз ман як сол хурд бошад ҳам, бисёр айёру маккор баромад. Аз ҷавонию бетаҷрибагиам истифода бурда, вай маро аз рӯзи аввали зиндагӣ хар кард ва зин зада, савор шуд. Арӯсаки дурӯза буд, вале на маро заррае писанду манзур мекарду на ҳурмату эҳтироми модарамро ба ҷо меовард. Гумон кардем, ки баъдтар ақлаш медарояд, вале хаёламон хом баромад. Аз байн 7 сол гузашту ҳеҷ одам нашуд. Худованд аз рӯзи азал ба ин духтар на сурати зебо додааст ва на сирати одамонаю ақлу тамиз, вале дар забондарозӣ ҳамто надорад. Ману модарам бо тиҷорат машғул шуда, дар бозор савдо мекунем. Бисёриҳо гумон мекунанд, ки фурӯшандагӣ осон аст, рӯз то бегоҳ пулро дарза-дарза ҳисоб карда ба кисаат меандозию шомгоҳон ҳуштаккашон ба хонаат меоӣ, вале дар асл ин тавр нест. Азоби савдою бозорро танҳо ҳамон касоне медонанд, ки бо кори тиҷорат машғуланд. Хулласи калом, рӯзи дароз меҳнат карда, бегоҳ хастаю лакот ба хона бармегардем, то каме ҳам бошад, осоем, вале баробари аз дарвоза даромадан табъамон хира мешавад. Келин бояд то баргаштани шавҳару хушдоманаш тамоми кору бори хонаро карда, ягон хӯроки бомаза пухта монад, вале зани ман рӯз то бегоҳ дар хона нишаста, дасташро ба оби сард намезанад. Ҳар бегоҳ аз дар даромада як манзараро мебинем: ҳавлӣ норӯфта, хонаҳо титу пит, як ғарам косаву пиёлаву табақи ношуста ва садои баоси гову гӯсолаи гурусна…

Дар бораи либосшӯӣ ва дарзмол кардани либос ҳоҷати гап ҳам нест. Модари бечораам мардак барин рӯз то бегоҳ дар бозор меҳнат карда, боз то нимаи шаб хонаю ҳавлӣ мерӯбад, хӯрок мепазад, либос мешӯяд…

Қариб ҳар рӯз занамро коҳиш мекунам, ки танбалиро як сӯ гузошта аз паси зиндагӣ шавад, вале гапҳои ман аз як гӯшаш даромада аз гӯши дигараш баромада мераванд. Ҷонам аз дасти ин зани чалфас, нокора ва бетарбия ба лабам расидааст. Аввалҳо гумон мекардам, ки сабаби рафтори ноҷои ҳамсарам дар ҷавону хом буданаш аст, вале соҳиби ду фарзанд шудему ҳеҷ ақли ин духтар ба сараш назада истодааст. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, бар замми муғамбиру беҳунар буданаш боз бисёр шаттоҳ аст, ӯро насиҳат карданӣ шавӣ, дар бало мемонӣ. Ҳанӯз як шаппотӣ назада бо доду фиғон ҳавлиро ба сар мебардорад. Зан бояд ба маънои томаш зан бошад ва хонаро ҳамеша тозаю озода нигоҳ дошта, ҳурмату эҳтирому шавҳару хушдоманашро ба ҷо биёрад, вале ҳамсари ман инро намефаҳмад ё барқасд фаҳмидан намехоҳад. Кораш рӯз то бегоҳ танҳо хук барин хӯрдану хоб рафтан асту халос. Аз дасти пурхӯрӣ чунон фарбеҳ шудааст, ки ҳардуямон ба кӯча бароем, одамони ношинос занамро хола ё очаи ман гумон мекунанд. Намедонам бо ин халтаи гӯшт, ки на ҳунари пухтан дорад, на дӯхтан ва на рӯфтану шустан, чӣ кор кунам. Бибии падариам “кӯзапуштро танҳо хоки гӯр рост мекунад” гӯён, ишорат менамояд, ки беҳуда ба умеди одам шудани занам нашуда, таёқамро ба равшанӣ занам, вале.. Ростӣ, худам ҳам тобу тоқати бо ин зани чалфас зистанро надорам. Чанд бор ба модарам гуфтам, ки талоқи ҷияни танбалашро медиҳам, бигзор кӯчу бандашро гирифта равад, аммо “холаат хафа мешавад” гӯён, розӣ намешавад. Дар байни обу оташ монда, чӣ кор карданамро намедонам. Занамро аз дар берун кунам, модару холаам душмани ҷонӣ мешаванд, лаб зери дандон гирифта, тоқат кунам, умри ҷавонам бо ин зани беҳунару бетамизи морзабону бадафт хазон мешавад. Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Шоҳмурод, ш. Истаравшан.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

15 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *