“Додараки фариштаҳо”-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ ба намоиш гузошта шуд

Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ҳикояи адиби шаҳири тоҷик Сайф Раҳимзоди Афардӣ “Додараки фариштаҳо”-ро бо коргардонии Умед Мирзоширинов ҳамчун филми бадеии кӯтоҳ рӯйи пардаи синамо овард.

Бино ба иттилои муассисаи мазкур, 28-уми январи соли 2022 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров нахустнамоиши ин филм барои доираи васеи алоқамандони синамо, бо иштироки киношиносону мунаққидони соҳа, мутахассисону ҳунарпешаҳо ва синамонигорони тоҷик баргузор гардид.

— Дар ифтитоҳи нахустнамоиш директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён доир ба ҳаёту фаъолияти адиби шинохта Сайф Раҳимзоди Афардӣ ибрози андеша намуда, барои рӯйи навор овардани филм ба гуруҳи эҷодӣ ва ҳунарпешаҳою нақшофарон миннатдорӣ баён дошт. Маҳмадсаид Шоҳиён  таъкид намуд, ки филм бо давомнокии 25 дақиқа дар сатҳи баланд ва бо касбияти том таҳия гардида, заҳмати аҳли гуруҳи эҷодӣ барабас нарафтааст. Мазмуну муҳтаво ва фалсафаи ҳикояи адиб Сайф Раҳимзоди Афардӣ дар пардаи синамо ба таври ҷолиб ҳувайдо шуда, хурофоту ҷоҳилӣ ва рӯзгори пурмашаққату фоҷиабори оилаи тоҷикро инъикос намудааст. Ҳунарпешаҳо, алалхусус қаҳрамони асосии филм писарбача нақши хешро ба таври шоиста ба иҷро расонидааст. Кори коргардон, наворбардор, танзим касбиёна ва мусиқии филм ба шакли таҷзияи мусиқии миллию ҷаҳонӣ созгор омадаанд, ки боиси ҷолибу тамошобоб шудани филм гардидааст,- меафзояд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки аз рӯйи ҳикояву қиссаҳои Сайф Раҳимзоди Афардӣ филмҳои ҳунарии “Маҳдӣ” (2007), “Падруду пайғом” (2009), «Гунҷишки сафед» (2014) ва соли 2021 “Додараки фариштаҳо” рӯйи навор оварда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *