Додари “фалшивий”

Модарандари ман гӯё аз падарам фарзанде бо номи Артём доштааст ва ҳоло ӯ бояд мероси падари маро соҳибӣ мекардааст. Аҷоибот боз дар он аст, ки ин “додар” на ҷои аниқи таваллуд дораду на “васиятномаи” ҳақиқӣ.

ӯ дар Моҳ ё Миррих таваллуд шудааст?

16 декабри соли 2012 падари ман Юрий Қурбоншоев дар шаҳри Маскав аз олам гузашт. Мо ӯро ба зодгоҳаш шаҳри Хоруғ оварда, ба хок супоридем. Баъд аз ин аз куҷое ба ман “додар”-е пайдо шуд, ки худам ҳам ҳайронам.

Гап дар сари он, ки модарандари ман гӯё аз падарам фарзанде бо номи Артём доштааст ва ҳоло ӯ бояд мероси падари маро соҳибӣ мекардааст. Аҷоибот боз дар он аст, ки ин “додар” на ҷои аниқи таваллуд дораду на “васиятномаи” ҳақиқӣ. Вақте ки ин моҷаро сар шуд,  модарандари ман Раиса Хубоншоева гуфт,ки аз падари ман ӯ Артёмро дар таваллудхонаи № 1 –и шаҳри Душанбе 15 марти соли 1993 ба дунё овардааст. Аммо ин тасдиқ нагардид ва дар архиви он ҷо таваллуди чунин шахс аз Раиса ном зан собит нагардид. Баъд аз ин  ӯ гуфт,ки Артёмро дар шаҳри Хоруғ таваkлуд кардааст. Дар ин бора гӯё ӯ моҳи июни соли 2009   шаҳодатномаи таваллуд ва дар асоси он шиноснома гирифтааст. Аммо ин ҳам тасдиқ нагардид ва нисбати ташкилкунандаи он парвандаи ҷиноӣ вобаста ба сохтани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ омода гардид. Баъд аз он Раиса гуфт,ки Артёмро дар шаҳри Маскав таваллуд кардааст. Аммо вақте ки ШКД-и шаҳри Хоруғ ба ин  шаҳр дархост фиристод, маълум гардид,ки ӯ дар он ҷо низ таваллуд нашудааст ва дар асоси  справкаи  қалбакии таваллудхонаи №1, шаҳри Душанбе шиноснома гирифтааст. Пас ин Артём аз куҷо пайдошуда  ёдар Моҳ таваллуд шудааст ва ё ягон сайёраи ба замин наздиктари дигар ва ӯ аввали “пришелетс” аз кайҳон аст… Акнун меоем сари “васиятнома”. Дар мавриди он,ки ин “васиятнома” ҳақиқӣ аст ё қалбакӣ чор маротиба ташхисоти судию экспертизӣ гузаронида шуд  ва ҳар дафъа ин ё он камбудӣ дошт. Масалан, “васиятномае”,ки бори аввал пешниҳод гардид, ягон намуди ҳуҷҷатро надошт (бе “водфной занак” буд) .Минбаъд он бори дигар барои ташхис пешниҳод гардид, вале маълум шуд, ки бланкаи ин “васиятнома” бо бланкаи Вазорати адлия мувофиқат намекунад. Ҳамаи ин сохтакориҳоро бояд ба суд нишон медод,ки дар назди онҳо дар шахси  Раиса ва гӯё писари ӯ (ман ҳатто ба писари ин зан будани Артём шубҳа дорам) нафарони сохтакор ва қаллоб қарор доранд, ки мехоҳанд бо кадом роҳе набошад, мероси падари маро соҳибӣ кунанд. Аммо тавре  ки гуфтам, аз соли 2012 инҷониб ман ҳақталошӣ мекунам ва то ин дам шаш судя кори маро дида ҳал накардааст. Бори аввал барои он,ки ҳақиқиатро ёбам, ба доми адвокати найрангбоз Жанна афтодам ( ниг. “Тоҷикистон” № 6,”Найрангҳои Жанна”) . Аммо ӯ маблағҳои зиёди маро гирифту дар ниҳояти кор ба даст афтод. Ҳоло парвандаи мазкур дар Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарор дорад, вале дар ин ҷо ҳам намедонам бо кадом сабаб, ин чизе, ки аён аст, роҳи ҳалли худро намеёбад. Судя Кабирзода пайиҳам ташхис таъин мекунад, вале пас аз гирифтани натиҷаи он боз қароре қабул мекунад,ки ба фоидаи ин найрангбозҳост.  Ӯ ба ман пешниҳод мекунад,ки ба мусолиҳа оем ва мероси падарро тақсим кунем. Ӯ мегӯяд,ки “агар дар васиятнома онро ба сагу гурба ҳам васият карда бошад, бояд ҳаққашро дод”. Ин дар ҳолест,ки агар “васиятнома”  ҳақиқӣ бошад,ҳол он,ки қалбакӣ будани ин “васиятнома” исбот гардидааст. Дар “васиятнома”-и шаҳри Хоруғ  нотариус  Амиршоева ба ҷои худ ва ҳам ба ҷои нотариуси дигар Додхудоева имзо гузоштааст. Муҳри “ васятнома” ҳам мисли он аст,ки пиёзро бурида ба ҷои муҳр  гузоштаанд.  Акнун худатон тасаввур кунед, ки чӣ гуна ман метавонам мероси падари худро бо шахсе, ки шахсияташ маълум нест ва ҳатто ҷои таваллудаш аниқ нест, бо ҳам бинам?  Магар ин таҳқир ба сохторҳои судӣ нест,ки шахсияти нафарро аниқ накарда, ба  манфиати ӯ  ҳалнома бароварда шавад? Умедворам,ки суди сатҳо боло ба ин найрангбозиҳо хотима мегузорад.

Парвиз Хубоншоев,

сокини ш. Душанбе

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *