Додарзодаҳои генерал Парвиевро аз мақом барканор карданд
Сардори шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Андиҷони Ӯзбекистон полковник Шуҳрат Парпиев шаби 27 май аз мақом барканор шуд. Муовини сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Бухоро полковник Анвар Парпиев низ ҳамон рӯз барканор гардид.
Анвар ва Шуҳрат Парпиевҳо додарзодаҳои раиси пешини Кумитаи давлатии андози Ӯзбекистон Ботир Парпиев ҳастанд. Ботир Парвиев 11 майи соли ҷорӣ аз мақом барканор шуда буд.
Ботир Парпиев қудои раиси пешини Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон Рустам Иноятов аст. Парпиевҳо давоми солҳо дар мақомоти қудратии Ӯзбекистон мақомҳои баланд доштанд.
Ботир Парвиев — яке аз таъсиргузортарин генералҳои овони президентии Ислом Каримов — 14 сол кумитаи андозро роҳбарӣ кардааст. Ҳоло хабар мерасад, ки ҷараёни «барӯйхатгирии дороиҳои Парпиевҳо» шуруъ шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ