Додгоҳи Олӣ боздошти Имрон Хонро ғайриқонунӣ хонд
Додгоҳи Олии Покистон боздошти Имрон Хон, нахуствазири пешинро ғайриқонунӣ хонд. Вай рӯзи 9-уми май ба гумони фасоди идорӣ ва фурӯхтани туҳфаҳои давлатӣ дастгир шуда буд.
Гуфта мешавад, ки ин туҳфаҳоро ба Хон намояндагони воломақоми кишварҳои хориҷӣ аз соли 2018 то 2022, ки ӯ дар мақоми нахуствазир буд, тақдим карда будаанд.
Эътирозҳо дар саросари Покистон пас аз боздошти Имрон Хон бо иттиҳоми фасодкорӣ шуруъ шуданд.
Додгоҳ фармон дод, ки собиқ нахуствазир фавран озод карда шавад. Вакилони мудофеи вай иддао карданд, ки боздошти Хон дар назди бинои додгоҳи Исломобод рӯзи сешанбе ғайриқонунӣ буд.
Пас аз боздошти вай дар кишвар тазоҳуроти оммавӣ оғоз шуд, ки дар натиҷаи он дастикам 10 нафар кушта ва 2000 нафар боздошт шуданд.
Дастгир кардани Имрон Хон ҷонибдорони ӯро ба хашм овард — дар давоми 48 соати охир дар кишвар ошӯбҳои оммавӣ ва ҳамлаҳои инфиродӣ ба иншооти ҳукуматӣ ва низомӣ ба вуқуъ пайваст.
Се додраси Додгоҳи Олии Покистон рӯзи 11-уми май боздошти Имрон Хонро ғайриқонунӣ номиданд.
Имрон Хон, раҳбари мухолифин, ки соли 2018 ба раҳбарии Покистон расид, дар моҳи апрели соли гузашта аз мақом барканор шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ