Додгоҳ амри боздошти ҳамлагар ба журналистро содир кард

Додгоҳи Пресненскии шаҳри Маскав амри боздошти Борис Гритц — ҳамлагари хабарнигори шабакаи радиои «Эхо Москвы» Татяна Фелгенлауэрро содир кард. Дар ин бора хабарнигори бахши русии Радиои Озодӣ рӯзи 24 октябр аз толори додгоҳ гузориш дод. Бо дархости тафтишот Гритс то 23 декабр дар боздошт боқӣ мемонад.

Пештар аз ин муфаттиши қазия хабар дод, ки ҳамлагар гуноҳи худро қисман эътироф кард, аммо гуфт, ки ҳадафи ӯ куштор набуд.

Рӯзи 23 октябр Борис Гритс ба бинои «Эхо Москвы» ворид шуда, чашми дарбонро бо истифода аз газ кур кард ва хабарнигорро бо корд маҷруҳ кард. Баъди ҳамла Фелгенгауэр амал шуд ва табибон гуфтанд, ки зиндагиаш дар хатар нест.

Гритс дар вақти бозпурсӣ натавонист сабаби рафтори худро шарҳ диҳад. Гритс гуфт, ки журналист бо истифода аз «иртиботи телепотӣ» ӯро «асабонӣ» мекард. Алайҳи Гритс аз руӯи банди қонуни ҷиноии Русия — «иқдом ба қатл» парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Сардабири «Эхо Москвы»Алексей Венедиктов як сабаби ҳамла ба Татяна Фелгенгауэрро бархурди бадбинона ба кормандони матбуот унвон кард.

Борис Гритси 48 сола шаҳрванди Русия ва Исроил буда, донишгоҳи физикаро дар риштаи омузиши қабатҳои атмосфера хатм кардааст. Ӯ дар Амрико ва Исроил кор мекард ва чанде пеш дар ҷустуҷӯи кор ба Русия баргашт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *