Бобоҷон Ғафуров дар сафи пеши номдортарин нобиғаҳои асри бистуми на танҳо Тоҷикистон, балки саросари ҷаҳон қарор доранд. Дар ин матлаб мо кӯшиш намудем, ки дар хусуси одамгарӣ, ҳимматбаландӣ, ғамхориҳо ва дилсӯзиҳои ин родмард дар замони роҳбари кишвар буданашон нақл кунем.

Бобоҷон Ғафуров дар сафи пеши  номдортарин  нобиғаҳои асри бистуми  на танҳо  Тоҷикистон, балки саросари ҷаҳон  қарор доранд. Дар ин матлаб мо кӯшиш намудем, ки дар хусуси одамгарӣ, ҳимматбаландӣ,  ғамхориҳо ва дилсӯзиҳои ин родмард дар замони роҳбари кишвар буданашон  нақл кунем.

Муҳоҷирати маҷбурӣ

Баъди ба итмом расидани Ҷанги Бузурги Ватанӣ  ва ҷараён гирифтани ҳаёти осоишта дар Иттиҳоди Шӯравӣ дар баробари дигар кору амалҳои созандагӣ,  азхудкунии водии Вахш низ оғоз гардид.

Аз музофотҳои гуногуни Тоҷикистон, бештар аз манотиқи кӯҳистон барои обод кардани заминҳои бекорхобидаи ин водӣ садҳо хонавода  ҳам ба таври ихтиёрӣ ва ҳам ба тарзи маҷбурӣ  муҳоҷир карда шуданд.

Соли 1953 мошинҳои «Зис-5»-ро, ки ба шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои Помир бор мекашониданд, дар бозгашт кормандони милитсия манъ карда, ба деҳаи Мотравни Язғулом мефиристоданд. Дар ин деҳа, ки роҳи мошингард ба водии Язғулом то ин ҷо идома меёфт, аҳолии деҳаҳои болоии  водӣ –Ӯбағн, Басид, Жамаг, Жафак, Зайч, Андарбак, Вишхарв, Будун, Шавуд зору ҳайрон интизори мошинҳо буданд.

Намояндагони ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарони Вилояти Мухтори  Куҳисони Бадахшон ва ноҳияи Ванҷ ба мардум ваъда карда буданд, ки дар водии Вахш барои онҳо хона сохта шуда, дар колхозҳо ҷойи кор омода аст, фарзандонашон бошад, дар мактабҳо таҳсил хоҳанд кард.

Ҳамин тавр, язғуломиҳо ба  фотеҳони Вахшонзамин пайвастанд.

Ваъда дигару ҳақиқат дигар

Марди ҳаштоду панҷсолаи  язгуломӣ, ҳоло сокини деҳаи ободу зебои Жамаг Ҳайдар Куҳканов ҳодисот ва воқеоти айёми муҳоҷираташонро ба ёд оварда,  нақл мекунад:

“Давраи гарми тобистон буд. Вақте ки ба ҷои истиқоматии нав,  ноҳияи Куйбишев расидем, маълумамон гашт, ки барои муҳоҷирон на  манзили зист, на бинои мактаб ва на ягон муассисаи дигар сохта нашуда буд. Баъдтар  фаҳмидем, ки ин минтақа аз гӯшаҳои дурдасттарини водии Вахш ба ҳисоб рафта, барои ободии он ҳанӯз дасти ҳукумат нарасида будааст. Моро аз мошинҳо фароварда, дар хаймаҳо ҷой доданд. Гирду атроф ҳама ҷойро қамишзору туқайзорҳо фаро гирифта буд. Оби ошомиданиро бо ароба меоварданд. Дар рӯзи сеюми ҷо ба ҷошавии муҳоҷирон калонсолон ба кори саҳро баромаданд,  чӣ тавр чобуқ намудани пахтаро намедонистанд ва таваккалӣ  дар шӯразаминҳо каланд мезаданд. Барои хонандагон се хайма шинонда, муаллимон ба онҳо дарс медоданд. Ягона нуқтаи тиббии дар хайма ҷойдошта доруворӣ надошт.”

Ҳамин тариқ азоби алими мардуми язгуломӣ, ки тамоми умр дар деҳоти сабзу хуррам ва хушбоду ҳавои соҳилҳои рӯди Язғулом об зиндагонӣ карда буданд, оғоз мешавад. Марду занҳо зери офтоби сӯзон дар пахтазорон кор мекарданд, пирону кӯдакон ва тифлон дар хаймаҳо нафастанг мешуданд.  Шабҳо ҳашарот онҳоро хоб кардан намемонданд. Дар давоми се моҳ шаш кӯдак ва ду мардро  морҳои заҳрдор газиданд ва онҳоро  наҷот дода натавонистанд.

Дере нагузашт мардум ба бемориҳои сирояткунанда мубтало гаштанд ва бештар аз сад  нафар  муҳоҷирони язгуломӣ, аз ҳама зиёдтар наврасон,  вафот карданд.  Дарду алами мардумро ҳеҷ интиҳое набуд.

Поёни шаби сиёҳ

Мақоли халқӣ дуруст мефармояд: — “Поёни шаби сиёҳ сафед аст.”

Ниҳоят бахти муҳоҷирони язғуломӣ низ баландӣ карду Бобоҷон Ғафуров, Котиби Якуми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ва сарвари дилсӯзу ғамхор зимни яке аз сафарҳои кориашон ба водии Вахш, ба ноҳияиКуйбишев ташриф оварда, аз ҳолу аҳволи мардуми язғуломӣ хабар гирифтанд. 

Дар ҳамон рӯз садои нолаву гирияи талхи занон ба гӯш мерасид, зеро боз  се кӯдаки масъумро мору каждум газида, ҷасади онҳоро ба қабристон мебурданд.

Сарвари дилсӯзу ғамхори халқ ҳамроҳи мардони ҷанозахон ба гӯристон рафта, қабристони калонеро дида, дарк карданд, ки муҳоҷирони язғуломӣ ба иқлими ниҳоят гарми водии Вахш, ки оддитарин шароити зист надорад тоқат карда наметавонанд.

Баъди гӯру чӯби кӯдакон ва дуову фотиҳа кардан роҳбари кишвар муҳоҷиронро ҷамъ намуда, пурсиданд, ки оё ба  зодгоҳашон баргаштан мехоҳанд?

Ҳамагон посух доданд, ки ин орзуи ҳамешагиашон аст.

Бобоҷон Ғафуров қатъӣ ваъда карданд:

-Ин тавр бошад, омода шавед, баъди як ҳафта мошинҳо аз шаҳри Сталинобод омада, шумоёнро ба диёратон мебаранд. Онҳое, ки нияти дар пойтахти кишвар зиндагӣ кардан доранд, супориш медиҳам дар мавзеи Санговбозор (маҳаллаи Комбинати гӯшту шири имрӯза) барояшон замин медиҳанд. Ҳамчунин, дастур медиҳам, ки барои аз сари нав обод намудани хонаву даратон дар зодгоҳатон  шароити муносиб фароҳам биоранд. Агар фурсат даст диҳад, албатта, ба водии Язғулом меоям.

Ҳайдар Кӯҳканов он лаҳзаҳоро ба хотир оварда, нақл кард, ки баъди қариб се соли муҳоҷират шояд нахустин маротиба буд, ки дар лабони хурду калон табассум пайдо шуд.

Бозгашт ба марзу буми аҷдодӣ

Бобоҷон Ғафуров ба ваъдаи хеш вафо карданд. Оилаҳои иҷборан муҳоҷиршудаи язғуломӣ ба ватани аҷдодиашон баргаштанд. 

Аммо ҳоли зори хонаву дари валангоршуда, боғҳои аз бесоҳибӣ харобгардида,  дарахтони аз беобӣ хушкшуда ва заминҳои ба хорзор табдилгаштаро дида дилашон реш шуд. Илова бар ин ҳайвоноти ваҳшӣ дар гирду атроф сайругашт мекарданд.  Яқин Язғулом ба водии палангон, гургону хирсон табдил ёфта буд.

Аммо мардум ноумед нашуданд, онҳо бовар доштанд, ки сарвари мамлакат Бобоҷон Ғафуров ба додашон мерасад. Воқеан, дере нагузашта  бо амру супоришҳои роҳбари вақти мамлакат дар деҳоти  ба харобазор мубаддалгаштаи водии Язгулом барои азнавсозии мактабҳо, муассисаҳои тиббию  фарҳангӣ, мағозаҳо, манзилҳои истиқоматӣ ва дигар иншоотҳои муҳим маблағ ва масолеҳ ҷудо шуда, корҳои муҳиме ба анҷом расонида шуд.

Дар кӯтоҳтарин фурсат бо танқисии техникаи роҳсозӣ нигоҳ накарда, дар масофаи  қариб бист километр, аз деҳаи Мотравн то рустои Жамаг роҳ ва се пули мошингард  бунёд гардид. Ҳамаи амалҳои ободонӣ ва бунёдкориҳо дар ҷамоати деҳоти Язғулом таҳти назорати доимии аллома Бобоҷон Ғафуров қарор доштанд.

Мардуми қалбҳояшон аз шодиву фараҳмандӣ лабрез гаштаи язғуломӣ орзу доштанд, ки наҷотбахшашон Бобоҷон Ғафуров ба ин мулки кӯҳистон меоянд ва онҳо ӯро дар пояи баланд ва манзалати олитарин меҳмондорӣ мекунанд.

Лекин дониши комили илмӣ,  фазилатҳои баланди роҳбарӣ ва таърихнигории олими забардаст Бобоҷон Ғафуровро роҳбарони вақти шӯравӣ ба эътибор гирифта, ӯро директори Институти дар ҷаҳон маъруфи шарқшиносии Академияи илмҳои Иттифоқи Шӯравӣ таъин карданд ва эшон ба Маскав кӯчиданд.

Вале хизмати эшон ба мардуми Язғулом ҳанӯз ҳам дар ёди мардум ҳаст ва ҳамеша алломаро ба некӣ ёд мекунанд.

Пешвои миллат идомабахши пайкори Ғафуров

Дар даврони истиқлолият сокинони водии Язгулом аз он шоду мамнунанд, ки кору амалҳои шоистаи аллома  Бобоҷон Ғафуровро Роҳбари арҷманди  Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба ҷо оварда истодаанд.

Мардуми сарбаланди заҳматкаши язгуломӣ  ҳеҷ гоҳе фаромӯш намекунанд, ки дар  солҳои  нахустини истиқлолият ва ваҳдати миллӣ рӯзгороне, ки ҳанӯз ҳам баъзе ҷавонони  гумроҳгашта аз ҳар шахпораҳои канори роҳ ва тори кӯҳҳо  тир мепаррониданд, Пешвои миллат далерӣ ва шуҷоатмандӣ нишон дода, ба водии  Язгулом сафари корӣ анҷом доданд. Сарваридавлат дар расми мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳи барқи обии деҳаи Андарбак иштирок намуданд. Ҳамон вақт дар суханронии худ Президенти кишвар бо боварӣ ва итминони комил гуфтанд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат амалҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ  дар саросари Бадахшон оғоз мешаванд.

Айни замон водии Язғулом ободу зебо шуда, макони хеле хуб барои зиндагӣ ва тамошои сайёҳон аст, ки дар ин саҳми Пешвои миллат хеле барҷаста мебошад.

Сироншоҳи Диловар, н. Ванҷ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *