ДОИШ бо одамкушиҳои худ идома медиҳад…

Гурӯҳи ифротгарои “Давлати исломӣ” иддао кард, куштори се ҷавонзанеро, ки дар телевизиони шаҳри Ҷалолободи Афғонистон кор мекарданд, ин созмон анҷом додааст.

Як рӯз баъди қатли се корманди телевизиони Ҷалолобод, рӯзи 3 март як профессори донишгоҳи Кобул аз тири мусаллаҳони ношинос кушта шуд. Сухангӯи полиси Кобул гуфт, ки устоди донишгоҳ Файзмуҳаммад Файз дар роҳ ба масҷид барои намозхонӣ буд, ки ҳадафи ҳамлагарон қарор гирифт. Ҳеҷ нафар ё гурӯҳе феълан масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Ду ҳафта пеш аз ин ду устоди дигари донишгоҳи Кобул бар асари таркиши мошини бомбогузоришуда кушта шуданд. Ин ҳодисаро ҳам касе ба дӯш нагирифт.
Гурӯҳи ифротгарои “Давлати исломӣ” иддао кард, куштори се ҷавонзанеро, ки дар телевизиони шаҳри Ҷалолободи Афғонистон кор мекарданд, ин созмон анҷом додааст. Ба иттилои SITE Intelligence Group, ки фаъолияти ҷангҷӯёнро пайгирӣ мекунад, гуфт, ки куштори рӯзи 2 март дар маркази вилояти Нангарҳор кори дасти гурӯҳи ДОИШ-и воқеъ дар Афғонистон аст. Ба иттилои раҳбарияти ТВ “Инъикос”, се корманди кушташудаи телевизион 18 то 20-сола буданд ва тоза баъди хатми мактаби олӣ ба кор шурӯъ карда буданд. Ин ҷавонзанҳо ба ҳангоми бозгашт аз кор ба хона ҳадафи тири ҳамлагарон қарор гирифтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *