ДОИШ дар Душанбе пойгоҳи Русияро тарконданӣ буд

Мақомоти амниятӣ мегӯянд, як гуруҳи 12 нафариро дастгир кардаанд, ки ният доштанд, бо раҳнамоии гуруҳи ба ном Давлати исломӣ пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистонро битарконанд.

Гуруҳи мазкурро рузи 4-уми ноябр дастгир кардаанд. Ба гуфти расонаҳо, тафтишот дар ин замина идома дорад ва саркардаи гуруҳ Суҳроб ном ҷавоне аз ноҳияи Ваҳдат будааст. Ин ҷавон аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ва сипас ба Эрону Туркия аз онҷо ба Сурия рафта ва “дар амалиётҳои ҷангии онҷо ширкат кардааст.” Манбаи огоҳ аз ин парванда дар бораи ҷузъиёти ин қазия суҳбат накардааст, чун ба қавли он парванда махфӣ аст. Бозпурсии саркардаи гуруҳ рузи 8-уми ноябр дар назди яке аз воҳидҳои пойгоҳи 201-уми Русия дар шаҳри Душанбе сурат гирифтааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *