ДИИШ худро масъули исёни зиндони Ваҳдат эълон кард

Бино ба иттилои хабаргузории Рейтар гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” масъулияти исён дар маҳбаси “Кирпичний”-и шаҳри Ваҳдатро ба дӯш гирифтааст. Вале дар ин замина ҳеч санаде оварда нашудааст.

Бино ба иттилои хабаргузории Рейтар гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ”  масъулияти исён дар маҳбаси “Кирпичний”-и шаҳри Ваҳдатро ба дӯш гирифтааст. Вале дар ин замина ҳеч санаде оварда нашудааст.

Дар натиҷаи исён дар ин маҳбас дар 19 майи соли ҷорӣ 32 нафар кушта шуданд.

Масъулони бахши зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон билофосила пас аз вуқӯъи ин ҳодиса Беҳрӯзи Гулмурод, писари аз фармондеҳони ДИИШ- Гулмурод Ҳалимов ва се ҳамроҳашро омили исён дар зиндон эълон карданд.

Шаш моҳе қабл исёни мушобеҳе дар маҳбаси рақами 3-и шаҳри Хуҷанд рух дода ва ҳудуди 30 нафар бо шумули маъмурони зиндон кушта шуда буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *