ДОИШ сари Толибонро мехӯрад ё Толибон сари ДОИШро?!
Дар шаҳри Мазори Шариф, маркази вилояти Балхи Афғонистон як даргирии шадид миёни «Толибон»* ва «ДОИШ»* ба вуқӯъ пайваст
Ин даргирӣ рӯзҳои панҷшанбе ба ҷумъа (14 – 15 октябр) — и ҳафтаи гузашта иттифоқ афтода, як рӯзи тамом идома кард ва бо кушта шудани чандин нафар ба анҷом расид.
Манбаъ аз қавли шоҳидони ҳодиса мегӯяд, ин даргирӣ дар қисмати шимолии шаҳри Мазори Шариф, минтақае ба номи Тахтапул ба вуқуъ пайвастааст.
«Як ҷое ба номи «Пружаи S» аст, ки пас аз суқути Мазори Шариф ба дасти «Толибон»* ин афроди латтаи сиёҳ бар сар пайдо шуданд. Мардум онҳоро «сиёҳлаттаиҳо» ва «русҳо» ном кардаанд, зеро ҳама дар ин марказ ба забони русӣ ҳарф мезананд», — гуфт манбаъ.
Вай афзуд, нерӯҳои «Толибон»* дар Мазори Шариф таҳти амри Атоурраҳмон Умарӣ, фармондеҳи гарнизони Мазори Шарифи вазорати дифоъи «Иморати исломӣ» ба «сиёҳлаттаиҳо» ҳамла бурданд, аммо ахириҳо ба нерӯҳои толиб муқовимати сахт нишон доданд, ки даргирӣ як шабонарӯз идома кард.
«Шунида мешуд, ки «сиёҳлаттаиҳо» бо забони русӣ ҳарф мезананд. Онҳоро «Толибон»* дар гир оварда натавонистанд, зеро хеле моҳир буданд. Дар пайи ҷанг дар «Пружаи S» ва ҳам «Пружаи “Истиқлол», ки марбути шахсе ба номи Аламхони Сиёҳ аст, хонаҳои мардум вайрону валангор шуданд. «Толибон»* ин ҳамларо расонаӣ накарданд, чизе намегӯянд», — гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, як манбаъи дигар дар Мазори Шариф ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин ҷангиён ба ҳаракатҳои террористии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия марбут буда, як хонуми русӣ ҳам ҳамроҳашон ҳаст ва азбаски ҳар як ба забони мухталиф суҳбат мекард, забони муошираташон русӣ буд.
«Инҳо дар минтақаи Тахтапул як маркази низомӣ бунёд карда, хонаву ҷой ҳам доранд. Чанд нафарашон кушта шуданд, магар таслим нашуданд. «Толибон»* ақибнишинӣ карданд ва бо онҳо вориди музокира шуданд. Маслиҳат ин шуд, ки «сиёҳлаттаиҳо» минтақаро тарк кунанд. Онҳо рафтанд, аммо маълум нест, ба куҷо», — гуфт манбаъ.
Ҳамсӯҳбатони мегӯянд, зоҳиран «сиёҳлаттаиҳо» марбути созмонҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ҳастанд, ки бо «ДОИШ» байъат кардаанд, зеро байрақи ин созмонро доранд. Бино ба гузориши манобеъ дар баробари ин ҳодиса дар минтақаҳои Оқча, Мингаҷик ва Мурдиёни вилояти Ҷузҷон низ «байрақҳои сиёҳ»-и ДОИШ боло шудаанд, ки расонаҳо фақат аз як мавриди барафроштани ин байрақ дар қароргоҳи як фармондеҳи хурди туркман ба номи Оқмуҳаммад дар шаҳри Оқча хабар доданд.
Аз сӯи дигар, ҳарфи «ДОИШ»* дар шимоли Афғонистон, бахусус, манотиқи ҳаммарз бо Ӯзбекистону Туркманистон дар ҳолест, ки як ҳайати ҳукумати «Толибон» бо раҳбарии Абдусалом Ҳанафӣ, муовини сарвазири ӯзбеки «Аморати исломӣ» он рӯзҳо дар Тошканд ҳузур дошт.
Атоурраҳмон Умарӣ, фармондеҳи гарнизони Мазори Шарифи вазорати дифоъи «Иморати исломӣ» низ аз ӯзбекҳои вулусволии Сӯзмақалъаи вилояти Сарипул аст ва дар пойгоҳе, ки мавриди ҳамлаи нерӯҳои таҳти фармони ӯ қарор гирифт, аксаран ҷангиёни Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) будубош доштаанд. ҲИӮ ҳанӯз соли 2015 бо «ДОИШ» – и Хуросон»* байъат карда буд.
«ДОИШ»*дар шимоли Афғонистон аз соли 2015 ба ин сӯ ҷои по пайдо карда, тобистони соли 2018 дар пайи фишорҳои «Толибон» ба нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон таслим шуд ва гуфта мешуд, қиссааш хатм шудааст. Аммо ҳаводиси ахир нишон медиҳад, ки ин гурӯҳ дигарбора дар вилоёти Шимол мустақар мешавад ва чолишҳои дигареро ҳам барои «Толибон» ва ҳам кишварҳои ин сӯи Ому ба вуҷуд меорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ