ДОК-КИНО ё рафтагони НОРОЗӢ… Бардошт баъд аз видоъ бо Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов

Баъд аз зиёрати оромгоҳи Лучоб, ки ҳама шахсиятҳо ва сарсупурдаҳои соҳаҳои мухталиф дар Ҷумҳурӣ хобидаанд ба андешае фурӯ рафтам, магар ин фарзандони фазонаи меҳан аз насли МО розиянд ё на? Ва ё насли МО аз хизматҳову ҷоннисориҳои кардаи онҳо ба пуррагӣ огаҳанд ё на?

Ё дастикам дар мавриди ин сарсупурдаҳо филмҳои ҳуҷҷатие гирифтаем ё на?… Манзурам зиёдтар дар мавзӯи филмҳои ҳуҷҷатист. Вақте ҳар шахсияте дунёро падруд мегӯяд садҳо афсӯс мехӯрем, ки чаро ин амалро дар зиндагияш анҷом надодем. Зеро беҳтарин филми ҳуҷҷатӣ ҳамонест, ки қаҳрамонаш дар қайди ҳаёт бошаду инчунин гӯяндаи асосӣ низ худи Ӯ. На вожарезиҳои дурӯғин ва таърифҳои барзиёди атрофиён. Дар ду соли охир чиқадар шахсиятҳои соҳаҳои мухталифро аз даст додем ва дода истодаем. Магар рӯҳи онҳо аз кормандони соҳаи кино розист, ки умри ширини хешро ошиқонаву содиқона дар самтҳои интихобнамудаашон сарф карданду касе дар зиндагияшон барои банаворгирии филми ҲУҶҶАТӢ ба суроғашон нарафт?!

Албатта, ки НЕ. Зеро ҳар яки онҳо дар алоҳидагӣ таъриханд. Ва таърихро дар асоси зиндагиномаҳои шахсиятҳо пайдо мекунанд. Ба мисол Ёддоштҳои Устод Садриддин Айнӣ. Аммо дар ин асри пешрафтҳои технологӣ бештар бояд САБТ карда шавад… Вақте Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ҳабибулло Абдураззоқов, ки умри пурбаракати худро дар театру кино сарф намуда буд даргузашт ва баъди чанде маросими ёдбудаш шуд сабти комили ҳуҷҷатиеро аз зиндагияш пайдо накарданд.

Баъдан дар асоси сабтҳои пароканда филми кӯтоҳе аз ҷониби МД Тоҷикфилм дар коргардонии Файзулло Файз сохта ва пешниҳод карда шуд. Меарзад, ки дар бораи ҳар як ШАХСИЯТ ду-се филм гирифт. Аммо зиёдтар мехоҳам дар мавриди шахсиятҳои дар қайди ҳаёт буда бештар рӯ орем. Новобаста аз синну сол ва соҳа. Ҳам барои қадр намудан дар зиндагӣ ва ҳам барои ҷолибтар будани филм, ки ҳарфҳои лозимаро бинанда аз забони худи қаҳрамон мешунавад. Ба мисол “Сухан аз забони Луқмон хуш аст”.

Дар бораи шахсиятҳои гузашта низ сар аз асрҳои пешин то ба имрӯзу дирӯз бояд сабт кард…

Агар хостед исмҳои чандеро барои намуна нависед!
Бо умеди амалишавии ин кори НЕК ва хайр дар ҳаққи САРСУПУРДАҲО!…

Тоҳир Назар, ҳунарманд ва наққош

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *