Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ: Мо аз Эмомалӣ Раҳмон розӣ ҳастем

Имрӯз, 21-уми декабр мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Шӯрои Oлии мусолиҳаи миллии Ҷумҳурии исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ баргузор гардид.

 Дар ин бора ба Pressa.tj Муҳаммадато Султонов, сухангӯи раиси Парлумони Тоҷикистон хабар дод.

  Раиси Маҷлиси намояндагон зимни мулоқот иброз намуд, ки “густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Афғонистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Боиси қаноатмандист, ки кишварҳои мо, чун давлатҳои соҳибистиқлол, ба пайвандҳои амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ, суннатҳои таърихии дӯстӣ ва ҳамсоягии нек такя намуда, муносибатҳои байнидавлатии худро дар сатҳи сифатан нав пеш мебаранд.

Муссалам аст, ки кишварҳои мо дар сатҳи минтақа низ манфиатҳои зиёди муштарак доранд. Маҳз ҳамин омил ва пайвандҳои ногусастании таърихию фарҳангӣ моро водор месозад, ки ҳарчи бештар ҳамкории воқеан судманду фаррохро дар асоси манфиатҳои дуҷониба рушду густариш бахшем”.

Дар мулоқоти ҳайатҳо ҳамчунин доир ба мавқеи геополитикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Афғонистон, ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, табодули таҷрибаҳо дар самти қонунгузорӣ ва раванди кори гурӯҳҳои дӯстии байнипаарлумонӣ сухан рафта, Раиси Маҷлиси намояндагон махсусан таъкид намуд, ки “Афғонистон ва Тоҷикистон дар қалби қитъаи Осиё ҷой гирифта, пайвандгари минтақаҳои бузурги дунё маҳсуб мешаванд. Ин амр тақозо менамояд, ки мо муассисоти бузург, роҳҳо, пулҳо ва нақбҳо созем. Дар чунин шароит Шоҳпули амалкунандаи “Дӯстӣ” кишварҳои моро пайванди ниҳоят матлуб бахшид.

 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкориҳои пурмаҳсулу судманд бо парлумонҳои кишварҳои хориҷӣ, бахусус бо кишвари бародари Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, тавассути гӯруҳҳои дӯстӣ масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ, густариши робитаҳои иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои барои халқу кишварамон муҳимро мавриди ҳаллу фасл қарор медиҳад.

Бо ин ҳадаф Гурӯҳи дӯстӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вулуси Ҷиргаи Шӯрои Миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ташкил карда шуд.”

Раиси Шӯрои Oлии мусолиҳаи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ низ дар навбати худ  аз дастгирӣ ва пуштибониҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавқеъ ва вазъияти Афғонистон дар созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки мо аз дӯстони тоҷик, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бисёр розӣ ҳастем, ки ин кишвари дӯст ҳамеша барои таъмини амнияту субот дар кишвари мо ва барқарории харобиҳои баъдиҷангӣ бо пешниҳодҳои ҷолиб аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ содиқона даъват менамояд.

Дар мулоқот аъзои гуруҳи дустӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо Лӯи Ҷиргаи (парлумони) Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, вакилон Раҷабзода Равшан,  Шариф Ҳакимзода, Машраб Файзулло, ва Саидмурод Фаттоҳзода – Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот иштирок намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *