Доктор Одинаев: COVID – 19 Тоҷикистонро тарк мекунад, ваксина лозим нест…
Мақсади вирус шиканҷа ва нобуд кардани инсон нест, балки одамонро чун сарчашмаи ғизо ва инкишофи худ истифода мебарад.
Суҳбат бо мудири кафедраи эпидемиологии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб Ниёз Одинаев
-Дар оғози хуруҷи пандемия COVID – 19 шумо ҳамчун олими сироятшинос иброз доштед, ки бо фаро расидани фасли гармо вирус заиф ва афсурда шуда, омилҳои марговариашро гум мекунад, чун қабати болоии он аз чарбу иборат аст ва дар ҳавои кушод дар зарфи 15 дақиқа аз нурҳои ултрабунафши офтоб нобуд мешавад.
-Бале, вируси нави ноомухта – COVID – 19 дар фасли баҳор ба кишвари мо омад ва мувофиқи тадқиқоти олимон чун қабати болоии он аз чарбу иборат аст, аз ин рӯ обу ҳавои муҳити атроф дар он шабу рӯз барояш мусоид буд. Бинобар он се моҳ дар муҳити намноку салқин худро бароҳат эҳсос намуд ва аз ин рӯ афзоиш ҳам ёфт. Азбаски аз омад — омади он мардуми сайёра, аз ҷумла сокинони кишвари мо низ ба таҳлука ва тарсу ҳарос афтода буданд ва муносибат бо ин душмани биологиро ҳатто духтурҳо ҳам хуб намедонистанд, бинобар ин чанде аз шаҳрвандонамон ҳаёташонро аз даст доданд. Аммо аз моҳи июн омилҳои барояш марговар чун гармии пайваста бо хушкӣ, таъсири нурҳои ултурабунафш, ҳавои тоза ва ба корҳои саҳроӣ машғул шудани мардум, хурсандиву хушнудӣ аз фасли пурфайз, истеъмоли меваву сабзавот (витамину минералҳо) ва аз ин ҳисоб баланд шудани системаи масунияти одамон ва муқовимати организм ба вирус таъсири манфӣ расонд. Дар натиҷа вирус дар як муддати кӯтоҳ кам шуд ва ба нестӣ рафт. Вале гоҳе аз деҳаҳо ва истироҳатгоҳҳои обу ҳавояш салқин, ки ба мавҷудияти вирус мусоид мебошад, мардум онро ба пойтахт меовард. Аммо вируси тобистона аз таъсири омилҳои дар боло зикршуда хеле заиф ва бемадор шуда, аз ҷиҳати вирулентӣ (заҳрнокӣ) беҳад паст гашт, ки бештари сироятёфтагон ягон нохуширо эҳсос намекарданд ва беморон тез шифо меёфтанду бемориро сабук мегузаронданд ва фавт қариб вуҷуд надошт.
Воқеан, дар оғози паҳншавии коронавирус дар матлаби хеш, ки дар рӯзномаи бонуфузи “Ҷумҳурият” ба табъ расида буд, иброз доштам, ки он дар муҳити атроф дар зарфи 15 дақиқа аз нурҳои ултрабунафш нобуд мешавад. Зеро инро кайҳо боз олимон исбот кардаанд, ки ҳама намуди вирус аз нурҳои ултрабунафши офтоб нест мешавад. Вале хабарнигори рӯзномаи “Азия Плюс” дар мақолааш ба ин ақида ришханд задааст. Чун ин ақидаро олимони Амрикову Федератсияи Россия ва як қатор кишварҳои ғарб тасдиқ намуданд, эътироф кард, ки “олими тоҷик рост гуфтааст”.
-Гарчанде хатари афзоиш ва фаъолияти вирус хеле паст шуда бошад ҳам, вале дар пеш зимистони қаҳратун ва баҳори сербориш моро интизор аст. Хуруҷ ва таъсири минбаъдаи он дар ин мавсим чӣ гуна сурат мегирад ва вазъи кишварро дар ин бобат чӣ сон арзёбӣ мекунед?
-Ба андешаи ман ҳамчун эпидемиолог ва сироятшинос вазъи кишвари мо нисбат ба рафъи коронавирус COVID – 19 назар ба дигар кишварҳо хело хуб мебошад. Ҷои шубҳа нест, ки ин “меҳмони нохонда” мардуми моро ором гузоштанист ва кишварамонро тарк намуда, бо мо муросоро пеша мекунад.
Аслан, мақсади барангезандаҳо шиканҷа ва нобуд кардани инсон нест, балки одамонро чун сарчашмаи ғизо ва инкишофи худ истифода мебаранд. Дар оғоз бо шиддату ҷаҳолат ва тундӣ омада, бо мурури замон ором мешаванд. Дар ҳақиқат, муҳит ва иқлими мо ба вирус созгор наомад. Омилҳои фасли тобистон (хушкӣ, гармии зиёд, нурҳои ултрабунафш) онро хело заиф сохт. Мардуми мо бештар аз вируси заифгашта сироят ёфтанд ва аксари онҳо чи тавр гузарондани ин бемориро ҳатто эҳсос накарданду онҳо дорои антитела шуданд ва дар кишвар масунияти ҷамъиятӣ пайдо шуд.ин маънои онро дорад, ки коронавирус хусусияти сироятнокии худро гум мекунад. Сарчашма ва роҳҳои гузариши вирус аз байн рафта истодааст. Беморӣ аз коронавирус батадриҷ дар моҳҳои наздик аз байни мардуми кишвар тамоман нест хоҳад шуд.
-Ниёз Сафарович, ростӣ, ин мужда ва хабари хушест ба мардуми шарифи Тоҷикистон. Шумо инро чӣ тавр исбот карданиед, Магар натиҷаи тадқиқот исботи ин гуфтаҳоанд?
-Бале, бубинед, аз 128 нафар муаллими мактабҳои олӣ, ки дар моҳи октябр ва ноябр аз тадқиқоти лабораторӣ гузаштанд, дар хуни 70,8 дарсадашон ва аз 109 нафар корманди бозори “Корвон дар 78 дарсади онҳо антитела муайян гардид. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар қишри асосии мардуми кишвари мо аллакай масунияти ҷамъиятӣ пайдо гардидааст. Аз рӯи қоидаҳои эпидемиологӣ барои соҳиб шудан ба масунияти ҷамъиятӣ 70 дарсади шаҳрвандон бояд дорои антитела бошанд, ки ин ба мо бештар муяссар гаштааст.
Ҳамчунин тадқиқот нишон дод, ки аз 200 донишҷӯи хориҷӣ, ки аз озмоиши лабароторӣ гузаштаанд, фақат 50 дарсади онҳо дорои антитела буданд. Гумон мекунам, ин нишондод то имрӯз хеле афзуд.
-Модоме ки коҳиш ёфтани сироятнокӣ ва аз байн рафтани беморӣ ба масунияти ҷамъиятӣ вобаста бошад, пас зуҳури он дар дигар манотиқи кишвар дар кадом ҳолат аст?
-Албатта, пастшавии сироятнокӣ чи тавре ки дар боло зикр кардем, аз масунияти ҷамъиятӣ вобаста аст. Вале ин дар ҳамаи манотиқ дар як вақт пайдо намегардад, бинобар ин вирус дар баъзе мавзеъҳои аҳолинишин баъдтар нобуд мешавад. Бешубҳа, пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе, ки ба он бештари мардум аз ҳар гӯшаву канор бо худ вирусро овардаанд ва аксари аҳолӣ сироят ёфтаасту масунияти ҷамъиятӣ пайдо шудааст, барвақттар аз COVID – 19 халос мешаванд. Аксари шаҳру навоҳии кишвар дар чунин вазъ қарор доранд ва сокинонашон пай дар пай бо коронавирус падрӯд мегӯянд.
-Шояд таҷрибаи Тоҷикистон, яъне бо карантини қатъӣ фаро нагирифтани сокинони кишвар, ки аз ройу хиради азалии Пешвои миллат бармеояд, нисбат ба аксари мамлакатҳои дунё бо талафоти кам пандемияро аз сар гузарондем ва хушбахтона, он ба пайдо шудани масунияти ҷамъиятӣ оварда расонд.
-Бале, бо шарофати обу ҳаво, иқлими гарму хушки Тоҷикистони офтобиамон ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ба масъулини тандурустиву ҳифзи иҷтимоии кишвар ва дар умум ба мардуми шарифи Тоҷикистон оид ба пешгирӣ, табобат ва рафъи пандемия COVID – 19, бахусус ба карантини қатъи фаро нагирифтани аҳолӣ масунияти ҷамъиятӣ пайдо шуд, ки дар натиҷа кишвари офтобии мо аз аввалинҳо хоҳад буд, ки аз падемия халос мешавад. Мувофиқи қоидаҳои эпидемиологӣ дар сурати пайдо шудани масунияти ҷамъиятӣ ниёзе ба ваксина ҳам намемонад.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки Тоҷикистон ва он кишварҳое, ки ба карантини қатъӣ фаро гирифта нашуданд, манфиати бештаре диданд.
Аввалан, мо аз вирус бармаҳал халос шуда истодаем. Дувум, талафоти мо нисбат ба дигар мамлакатҳо камтар аст, Бояд тазаккур дод, ки омилҳои тобистона (гармӣ, хушкӣ ва нурҳои ултрабунафши офтоб) заҳрнокии вирусро паст намуданд, ки бештари мардум бемориро сабук гузаронд.
-Ниёз Сафарович, мушоҳидаҳо оид ба истифодаи карантини қатъӣ ва саросарӣ дар аксари кишварҳо чиро нишон дод ва он чӣ паёмадҳое овард?
-Мушоҳидаҳои раванди пандемия дар чунин мамлакатҳо нишон дод, ки карантини сахт организими шаҳрвандонро заиф намуд, сироятёфтагон бо миқдори ками вирус бемориро вазнин гузаронданд ва фавт зиёд гашт.
Бубинед, бо фаро гирифтани карантини қатъӣ аввалан маҳсулоти зарурии сиситемаи масуният — витамини Д, ки бо таъсири офтоб пайдо мегардад, аз даст меравад. Дувум беҳаракатӣ гардиши хунро дар узвҳо паст намуда, онҳоро заиф месозад ва муқовиматашонро бо вирус суст мекунад. Севум таъби хира, ғамгинӣ бесаранҷомӣ, тарсу таҳлука, инчунин, маҳрумӣ ба муҳлати зиёд аз ҳавои кушод ба масуният латмаи муҳлик мезанад. Чунин вазъ системаии иммуниро паст мекунад, ки дар натиҷа организими заифгашта бемориро хело вазнин гузаронда ба омилҳои хатарзои вирус тоб намеорад. Дар он кишварҳое, ки аҳолиашон зиёду шаҳру вилоятҳо дар алоҳидагӣ аз ҳам дуранд ва муҳити иқлимашон намнок мебошад вирус онҳоро дертар тарк мекунад.
-Ростӣ, ҳодисаҳои такроран аз ин беморӣ сироят ёфтани одамон ташвишовар аст. Дар ин бора чӣ гуфта метавонед?
-Вақтҳои охир дар матбуоти хориҷӣ мушоҳидаҳое ба табъ расидаанд, ки гӯё баъди беморӣ антителаҳои пайдошуда пас аз се моҳ то 30 дарсад ва баъдан нест мешудаанд. Албатта, ин боиси он мегардад, ки мардум метавонад такроран сироят ёбад. Аммо аз ин дар ҳарос афтодан зарурият надорад, чунки ҳуҷайраҳои масунӣ вирусро дар хотираи худ нигоҳ медоранд ва дар ҳолати ба организм такроран дохил шудан бо як низоми муайян ба муқобилаш мубориза мебаранд ва онро нест менамоянд. Дар ин ҳолат беморӣ сабук мегузарад.
Албатта, мо бояд роҳҳои муҳофизат ва профилактикӣ аз вирусро тарк накунем, барои ин ҳоло барвақт аст. Вале ҳаминро бояд таъкид кард, ки марҳилаи гусели COVID – 19 расидааст ва шаҳрвандони муҳтарам мутмаин бошанд, ки дар моҳҳои наздик он кишвари моро тарк хоҳад кард, бинобар ин аз воҳима ва тарсу ҳарос орӣ бошанд.
Мусоҳиб: Мунаввари Сафар
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ