Доллар майли пастравӣ дорад, рубл чӣ?
Имрӯз, 20-уми апрел қурби як доллар дар нуқтаҳои фурӯши асъор расман 8,85-8,88 сомонӣ муайян шудааст.
Аз ҷумла, Бонки Эсхата қурби харидуфурӯши доллари нақдро дар нуқтаҳои фурӯши асъор ба таври расмӣ 8,86-8,87 ва Агроинвестбонк 8,85-8,87 сомонӣ нишон додааст. Дар баробари поинравии расмии қурби доллар арзиши рубл дар бозори нақд боло рафта, 0,156-0,157 сомонӣ баробар шудааст.
Чанд рӯз қабл Бонки миллии Тоҷикистон баъди якбора боло рафтани қурби доллар дар моҳи апрел, аз боз шудани парванда нисбати бонкҳои кишвар хабар дод. Шахсият ва макони нафароне, ки ба хариду фурӯши асъори хориҷии нақд ғайриқонунӣ машғул будаанд, муайян гардидааст.
Дар асоси маводи пешниҳодкардаи Бонки миллии Тоҷикистон ба Прокуратураи генералӣ ва сохторҳои он дар маҳалҳо нисбат ба 208 нафар, аз ҷумла нисбати 159 нафар парвандаи маъмурӣ ва 49 нафар парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст.
Тибқи иттилои Бонки миллӣ, бонкҳои кишвар низ қоидаҳои мубодилаи асъори хориҷиро вайрон кардаанд: “Аз ташкилотҳои қарзӣ барои ҷой доштани камбудиҳо, аз ҷумла барои риоя накардани тартиби хариду фурӯши асъори хориҷӣ, меъёри мавқеи кушодаи асъор, нодуруст, носаҳеҳ ва саривақт пешниҳод накардани ҳисоботҳо, ҳамагӣ ба маблағи 394,4 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шуда, амру супоришҳо нисбати бартараф кардани камбудиҳо дода шудааст”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ