Доми макр ё марг.Чӣ сабаб мешавад ки навраси 14 сола нашъаманд мешавад
Қиматшо — 14, Фазилат — 20, Александр — 22 сола буданд, ки бори нахуст аз нашъа истифода бурданд. Хамаи ин нафарон бо сабабе ба ин беморӣ гирифтор шуда, таърихи ғамгине доранд. Аввал аз оила, баъдан аз хешу табору наздикон ҷудо шуда, билохира танҳо монданд…
Фотима: «ДУХТАРАМ АЗ МАН НАФРАТ ДОРАД!»
Фотима, шаҳри Душанбе:
— Фотима ном дорам ва 37 — сола мебошам. Ман дар Бошқирдистон таваллуд шуда, ба воя расидаам. Баъдан ҳамроҳи модарам ба Қӯрғонтеппа кӯчидем. Чанд сол гузашту баъди ба шавҳар баромадан ба Душанбе кӯчидем ва ҳоло соҳиби як духтарча ҳастам. Ман бори аввал героинро дар шабнишиние, ки ҳамроҳи дӯстонам ташкил карда будем, истифода бурдам. Баъди ин ҳодиса ҳаёти ман ба куллӣ тағйир ёфт. Фикр намекардам, ки рӯзе ба ин ҳол меафтаму аз ман тамоми аҳли оила, ҳатто хешу табор, дӯстону наздиконам, ҳатто фарзандам рӯй мегардонад. Духтари ман аллакай калон асту дарк мекунад, ки ман сӯзандору истифода мебарам, бинобар ин, аз ман нафрат дорад. Худо ин рӯзро ба касе нишон надиҳад.
АЗ НАШЪАМАНДӢ ТО НАШЪАФУРӮШӢ
Александр, тоҷикистоние аз Маскав:
— Ман айни ҳол 48 — солаам, вале аз 18 — солагӣ аз нашъа истифода мебарам. Ба нашъамандӣ гирифтор шудани ман сабаб дорад. Мо қаблан дар Тоҷикистон зиндагӣ мекардему ман ба Маскав барои таҳсил рафтам. Аммо соли 1993 ба Тоҷикистон омадам, ки модарамро ҳамроҳам барам. Аммо ҳамон сол дар натиҷаи як воқеаи мудҳиш модарам ва тамоми хешу таборамро аз даст дода, танҳо мондам. Ҳолати равониам буд, чӣ кор карданамро надонистам. Дар ҳамин ҳолат дӯстонам ба ман ин «доруворӣ»-ро тавсия карданд ва ман ба он одат кардам. Баъдан бо сабаби ба донишгоҳ нарафтанам маро хориҷ карданд. Пас аз ин, якҷо бо дӯстонам тиҷорати маводи мухаддирро ба роҳ мондем. Вазъи зиндагиамон беҳтар шуду ба худам аз шаҳри Маскав ҳамсар интихоб кардам. Баъди чанд соли зиндагӣ маро боздошт карданду 5 сол дар зиндон будам. Ҳоло дар табобат қарор дорам ва умед дорам, ки зиндагиамро аз саҳифаи нав оғоз кунам.
Нашъа — табобати дарди дандон?
Қиматшо нақл мекунад, ки маводи мухаддир на танҳо ҳаёти ӯ, балки сарнавишти хоҳару бародарашро низ тағйир додааст:
-Маро модарам ба Бадахшон бурд ва ман бори нахуст нашъаро дар синни 14 — солагӣ истифода бурдам. Ҳодиса чунин рух дод, ки маро дарди дандон азият доду яке аз хешовандонам ба ман пешниҳоди аз ин «доруворӣ» истифода бурданро кард. Мо он вақт бисёр оилаи камбизоату бепул будем. Дарди дандонам пас аз истифодаи он «дору» аз байн рафту баъдтар фаҳмидам, ки ба балои бад гирифтор шудааму маро фиреб додаанд. Баъдан мисли доруи таскинбахш онро истифода мебурдаму одат кардам…
Ба итилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар охири соли 2017 дар Тоҷикистон 7067 нафар гирифторони бемории нашъамандӣ ба қайд гирифта, шудаанд. Аммо мушкилоте ки ҳанӯз ҷой дорад, ин аст, ки бисёре аз нафароне, ки гирифтори нашъамандӣ ҳастанд, аз табобат худдорӣ мекунанд. Сабаби аслӣ ба табибон муроҷиат накардану пинҳон карданӣ беморӣ аст. Зеро дар ҷомеаи кунунии Тоҷикистон ба гирифторони бемории нашъамандӣ ҳанӯз ҳам муносибати сард сурат мегирад. Ҳол он ки табибон дар ҳалқаи дӯстону пайвандон ва дар назорати доимӣ будани гирифторони бемории нашъамандиро барои беҳтар шудани табобат тавсия медиҳанд. Дигар ин ки дар кишвари мо табобати бемории нашъмандӣ ройгон ба роҳ монда шуда, исми гирифторони беморӣ махфӣ нигоҳ дошта мешавад.
Уғулой Қутбиддинзода,
«Тоҷикистон»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ