Домодҳои Мирзиёев дар зиёфат бо валиаҳди Дубай

Домодҳои президенти Ӯзбекистон Ойбек Турсунов ва Отабек Умаров барои валиаҳди Дубай Ҳамдон ибни Муҳаммад ал-Мақтум зиёфати махсусе ташкил кардаанд.

Валиаҳди Дубай видеои сафари худро ба Ӯзбекистон дар Твиттер нашр кард. Аксҳои зиёфати ӯ дар саҳифаи шахсии домоди хурдии Мирзиёев ва муовини аввали раиси Хадамоти амнияти президенти Ӯзбекистон Отабек Умаров дар Instagram нашр шуданд.

Дар аксҳо валиаҳди Дубай, ҳамроҳони ӯ ва домодҳои президенти Ӯзбекистон дида мешаванд.

Рӯзи 1 ноябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое низ нашр шуд, ки нишон медиҳад, даҳҳо бози валиаҳди Дубай дар дохили ҳавопаймои ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ» қарор доранд. Ин видео баҳсҳои тундеро миёни корбарон ба миён овард.

Пештар расонаҳо хабар доданд, ки валиаҳди Дубай барои шикори мурғи ҳилол (дрофа) бо боз ба вилояти Навоии Ӯзбекистон рафтааст. Ӯзбекистон арзиши як мурғи ҳилолро, ки ба Китоби сурхи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат шомил аст, дар мавсими шикор 6 ҳазор доллар муайян кардааст.

Як манбаъ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ӯзбекистон гуфт, «шайхҳои араб барои шикор дар ҳудуди ин кишвар иҷозати махсус доштанд». Вале манбаъ нагуфт, ки меҳмонон ба шикори мурғи ҳилол дар Ӯзбекистон чи қадар пул сарф карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *