Домоди дузд
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 25-солаи сокини шаҳри Исфара, ки пеш бо моддаи 247 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо иттиҳоми дуздӣ дастгир карда шуд.Номбурда, ҳангоми дар хонаи истиқоматии модарарусаш, зани 63-солаи сокини шаҳри Конибодом қарор доштанаш, бо роҳи пинҳонӣ аз он ҷо 3000-сомонӣ ва 1-адад ангуштарини тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 5000-сомониро дуздидааст.
Далелҳои шайъӣ гирифта шуда, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ