Домоди хурдии президент вазифаи нав гирифт
Отабек Умаров, домоди хурдии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев президенти Федератсияи муҳорибаҳои омехта (ММА) таъйин шуд. Худи федератсия 8 ноябри соли равон таъсис ёфт.
Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, Умаров бо варзишгарон мулоқот карда, ҳамроҳашон тамринеро низ анҷом додааст.
Ёдрас мешавем, ибтидои соли равон варзишгари маъруфи доғистонӣ дар риштаи муҳорибаҳои омехта Ҳабиб Нурмагомедов иттилоъ дод, ки мехоҳад, дар Ӯзбекистон академияи ин навъи варзишро боз кунад.
Домоди хурдии Мирзиёев ҳамзамон муовини аввали раиси Хадамоти амнияти президенти Ӯзбекистон низ ҳаст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ