Домоди Мулло Абдураҳим баъди 5 рӯзи боздошт озод шудааст

Домомди Абдураҳим Каримов, мулаққаб ба Мулло Абдураҳим ҳамон рӯзе, ки боздошт шудааст, баъди 5-рӯзи боздошт, раҳо шудааст.

Ӯ дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, домодаш-Мирзоназар Фозилов ҳамон вақт баъди чанд рӯзи боздошт, раҳо шуда буд.

Мулло Абдураҳим имрӯз, 5 июл дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, домодаш, ки моҳи майи соли равон дар манзили зисташ боздошт шуда буд, ҳамагӣ баъди чанд рӯзи боздошт раҳо шудааст: “Ба Кумитаи амният бурда буданд. Тафтишот бегуноҳиашро исбот кард, озод шуд. Дар асл намедонам, ки бо кадом айб ӯро боздошт карда буданд”.

Ёдовар мешавем, ки расонаҳо аз боздошти домоди ӯ аз тарафи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ хабар дода буданд. Мулло Абдураҳи мегӯяд, домодаш соҳиби 5 фарзанд мебошад:“Ӯ дар Душанбе истиқомат мекунад. Таҳсилкардаи Донишгоҳи байналмилалии исломии Исломобод аст”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *