Домоди президенти Ӯзбекистон ҷарима шуд
Раёсати бехатарии ҳаракат дар роҳҳои шаҳри Тошканди Ӯзбекистон рӯзи 19 июл Отабек Умаров, домоди президенти он кишвар Шавкат Мирзиёевро барои бо суръати баланд рондани мошин ҷарима кард.
Раёсати бехатарии ҳаракат дар роҳҳои шаҳри Тошканди Ӯзбекистон рӯзи 19 июл Отабек Умаров, домоди президенти он кишвар Шавкат Мирзиёевро барои бо суръати баланд рондани мошин ҷарима кард.
Дар ин бора худи Умаров дар саҳифаи Instagram хабар дод. Вай ҳамзамон расиди ҷаримаро дар ҳаҷми наздики 200 доллар нашр кард.
Расонаҳо навори бо суръати 200 км/соат мошин рондани домоди президентро нашр карданд. Отабек Умаров мошини навъи Tesla-ро дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Тошканд бо ин суръат ронд.
«Ҳамаи ҷаримаҳо имрӯз пардохт шуданд. Ҳама дар пеши қонун баробаранд! Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи расонаҳои дохиливу хориҷӣ изҳори сипос мекунам», — навишт Отабек Умаров.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ