Домоди сеюми президент аз мақомаш барканор шуд
Тимур Қулибоев, домоди сеюми Нурсултон Назарбоев аст, ки аз мақоми роҳбарии Палатаи миллии соҳибкорони «Атамекен» истеъфо дод. Дар ин бора Sputnik Қазоқистон хабар додааст.
Қулибоев ҳамсари духтари миёнаи Нурсултон Назарбоев Динара мебошад ва щоло зану шавҳар се фарзандро тарбия мекунанд.
Ҳардуи онҳо ба рӯйхати Forbes шомил буда, то моҳи майи соли 2021 ин маҷалласаи бонуфуз дороии ҳар яки онҳоро 2,9 миллиард доллар арзёбӣ карда буд.
Қулибоев қаблан дар ширкатҳои давлатии Қазоқистон, аз ҷумла дар бахши энержӣ чанд мақомҳои раҳбарӣ дошт. Ҳамчунин, чанд сол муовини раис ва баъдан камтар аз як сол раиси раёсати фонди «Самрук-Хазина» (холдинги ягонаи ширкатҳои давлатӣ) буд.
Қобили зикр аст, ки қаблан ду домоди дигари раисиҷумҳури нахустини Қазоқистон мақомҳои худро дар ширкатҳои давлатӣ тарк карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ