Домулло Асадулло озод шуд
Домулло Асадулло Донишгоҳи исломии Тоҷикистонро хатм кардааст ва яке аз шогирдони Амонулло Неъматзода, муфтии собиқи Тоҷикистон, ном бурда мешавад.
Пайвандони Асадулло Исмоилов, имомхатиби масҷиди кӯчаи Яккачинори шаҳри Душанбе, хабар додаанд, ки ӯ аз боздошт раҳо шудааст. Исмоилов шаби 19-уми апрел дастгир шуда буд.
Ӯро рӯзи якшанбе, шаби аз 19 ба 20-уми апрел, пас аз адои намози «таровеҳ», дастгир карданд. Субҳи дигар намояндагони мақомоти интизомӣ ба хонаи Асадулло Исмоилов, воқеъ дар деҳаи Теппаи Самарқандӣ, дар ноҳияи Рӯдакӣ рафта, қисме аз китобу адабиёти ӯро бо худ бурдаанд.
Асадулло Исмоилови 42-сола, оиладор ва соҳиби шаш фарзанд буда, дар деҳаи Теппаи Самарқандӣ зиндагӣ мекунад. Ӯ Донишгоҳи исломии Тоҷикистонро хатм кардааст ва яке аз шогирдони Амонулло Неъматзода, муфтии собиқи Тоҷикистон, ном бурда мешавад.
Исмоилов аввал дар яке аз масҷидҳои ноҳияи Рӯдакӣ кор карда, баъдан имомхатиби яке аз масҷидҳои кӯчаи Яккачинори Душанбе таъин шудааст
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ