Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Домулло Хомӯшӣ: Ислом бо Наврӯз мухолифат надорад

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳе аз мухолифати дини Ислом ба ҷашни Наврӯз ҳарф мезананд. Гӯё ба далели он ки Наврӯз мероси дини зардуштӣ ё оташпарастӣ аст, Ислом таҷлили онро манъ кардааст. Вале домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ ин ақидаи ифротиро рад мекунад.

— Наврӯз яке аз идҳои миллии мардуми форсу тоҷик аст, ки на камтар аз шаш ҳазор сол умр дорад. Ин ид оғоз аз 18-уми март дар кишварҳои Аҷам таҷлил мешавад. Наврӯз ҷашни шодмонии замин, осмону офтоб ва ҷӯши шукуфтанҳову рустанҳову шӯри зоданҳову эҳё шудани табиат аст. Дар ҳадисҳои Пайғамбар (с) оварда шудааст, ки ҳар чизе, ки аз замин неш зада мебарояд, шукру зикри оллоҳ мекунад, аз ин хотир мо иди Наврӯзро ҷашн мегирем, зеро шумораи зикркунандагони офаридгор дар ин айём ҳазорон-ҳазор меафзояд.

— Бархе иддао доранд, ки ҷашн гирифтани иди Наврӯз барои мардуми мусалмон ҷоиз нест, зеро ислом онро напазируфтааст…?

— Дар мавриди Наврӯз, агар касе бихоҳад назари Ислом бидонад, роҳе ҷуз ин надорад, ки бубинад манобеи исломӣ чӣ мегӯянд. Манобеи исломӣ, яъне Қуръон, суханони Паёмбар (с), саҳобагон. Наврӯз ба назари банда ба унвони як расми миллӣ ҷои мазаммат ва манъ надорад, чаро ки асли Наврӯз ба нишоне аз ойинҳои ботил набуда, балки танҳо иди истиқболи баҳор ва баробаршавии шабу рӯз дар марзу буми мост. Ҳазрати Расули Худо (с) фармудаанд: “Он ки суннати некеро поягузорӣ кунад ва бад-он амал намояд, барои ӯ подоши амали худаш ба иловаи монанди подоши дигар амалкунандагон (ба он суннат) хоҳад буд, бидуни он ки аз подоши амалкунандагон кам шавад. Ва он касе, ки суннати бадеро поя гузорад ва бад-он амал шавад, ваболи амали худаш ва дигарон бар уҳдаи ӯст, бидуни он ки аз визру ваболи дигарон коста шавад” (Ибни Моҷа).

Иди Наврӯз ба идҳои мусулмонӣ ягон алоқамандӣ дорад?

— Наврӯз як ҷузъи фарҳанги мост ва идҳои Қурбону Фитр ҷузъҳои дигар. Ҳар кадом ба ҷои худ аст. Мо, тоҷикон тӯли 1400 сол аст, ки аз дини мубини Ислом пайравӣ мекунем ва баъзе суннатҳои исломро ба Наврӯз ва суннатҳои қадимаи миллиро ба дини Ислом ворид кардаем. Рӯзи идҳои Қурбону Рамазон тифлон хона ба хона мегарданду калонсолон барои онҳо туҳфа ё тухм медиҳанд, дар иди Наврӯз низ чунин аст. Бархе гумон доранд, ки мо ин анъанаро аз дини ислом омӯхтаем, вале чунин нест. Мардуми мусулмон ин суннатро аз Наврӯз гирифтаанд. Дар Наврӯз ояи Қуръон мехонанд ва вақте ки деҳқон ба киштукор шуруъ мекунад, аз пирон дуо мегирад. Ин аз дини Ислом гирифта шудааст. Хулоса, Наврӯз як ҷузъи фарҳанги миллии мост ва бо идҳои мусалмонӣ ҳеҷ ихтилоф надорад.

Муносибати паёмбар ба иди Наврӯз чӣ гуна буд?

— Ривояте ҳаст дар таъйиди Наврӯз: Овардаанд, ки дар Наврӯз ҷоме пур аз ҳалво барои Пайғамбар (с) ҳадя оварданд. Он ҳазрат ҳайрон шуда, пурсид: «Ин чист?». Гуфтанд: “Имрӯз рӯзи Наврӯз аст”. Пурсид: “Наврӯз чист?”. Гуфтанд: “Иди бузурги эрониён аст”. Фармуд: “Оре, дар ин рӯз буд, ки Худованд Аскараро зинда кард”. Пурсиданд: “Аскара чист?”. Фармуд: “Аскара, ҳазорон мардуме буданд, ки аз тарси марг тарки диёр карда, сар ба биёбон ниҳоданд ва Худованд ба онон фармуд, ки бимиред. Мурданд. Пас ононро зинда кард ва абрҳоро амр фармуд, ки бар онон биборанд. Аз ин рӯст, ки суннати об пошидан (дар Наврӯз) ривоҷ ёфтааст”. Он гоҳ аз ҳалво тановул кард ва ҷомро миёни асҳоб қисмат кард ва фармуд: “Кош ҳар рӯз барои мо Наврӯз буд”.

Мусоҳиб: М. ДАВЛАТ

Моро пайгири намоед дар Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.