Домулло Зиё Мурд?

Силсилафилми “Муллои замонавӣ” имрӯзҳо дар кишвари мо хеле машҳур аст. Ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе хурду калон ба сӯйи дӯконҳои фиттафурӯшӣ медаванд, то қисмати навбатии филмро дастрас карда, саргузаштҳои аҷоибу ғароиби домулло Зиёро тамошо кунанд.

Ҳафтаи гузашта қаҳрамони асосии ин филм “Калтакалос” ба хотири наҷот додани ҳамсараш Зуҳро ва хоҳараш Бетул, ки Суқрот онҳоро гаравгон гирифта буд, ба бинои вайронае ворид гашт ва лаҳзае пас садои даҳшатбори таркиш ба гӯш расида, хона оташ гирифт. Ба назар чунин мерасид, ки домулло Зиё ҳамроҳи хоҳару ҳамсараш дар миёни оташи дуд аз таркиши бомба ҷон ба ҷонофарин таслим намуданд.
Тамошобинон бо беқарорӣ фаро расидани рӯзи шанберо интизорӣ мекашиданд, то фаҳманд, ки тақдири домулло Зиё чӣ шуд, вале ин ҳафта филм ба фурӯш набаромада, ташвиши мухлисонро даҳчанд гардонд. Одамони зиёде ба идораи ҳафтаномаи “Оила” занг зада, танҳо як савол медиҳанд: “Калтакалос” мурда бошад ё зинда аст?
Ростӣ, барои мо ҳам тақдири Домулло Зиё ва хоҳару ҳамсараш норавшан буд, аз ҳамин сабаб ба дӯсти наздики “Калтакалос”-Шавкат занг задем, то гапу хабарҳои тозаро аз забони ӯ шунавем. Саидҷон Идиев аввал серкориашро сабаб оварда, гуфт, ки айни замон банди танзими мавсими дуюми филм ҳастанд ва ӯ ҳатто вақти сархорӣ надорад, аммо баъдан ба хотири дӯстии деринаамон розӣ шуд, ки ба қавли худаш “короткий интервю” диҳад.

-Бародар, бисёр бачаи ба тақдир ҳастӣ-да, камтар пештар мерасидӣ, шояд мисли Домулло Зиё ҷазакалло мешудӣ, лекин Худо туро дар паноҳаш нигоҳ дошт. Хайр, акнун бигӯ, ки тақдири ҷӯраи ҷониат чӣ шуд? Домулло Зиё мурд ё ин ҳилаи навбатии “Калтакалос” аст?
-Бародари азиз, Рустамҷон! Аламҳои дили зори маро тоза накун, ки то ҳол ба худ нестам. Таркидани бинои даромадагии “Калтаколас”-ро дида, талха-палхам кафид додар. Ба як чилёсина шудем, лекин ягон домуллои зӯр нест, ки дуохонӣ кунад. Як домуллои нимҷиннӣ буд, ин Канъони девона ҳаму бечораям асир гирифт, намемонад, ки як қадам аз вай дур гардад…
Илтимос, бародар гапро ба дигар тараф набурда росташро гӯй, Калтакалос мурд ё зинда аст?
-Мурд, лекин боз зинда мешавад.
-Астағфируллоҳ гӯед, охир кадом мурда аз он дунё баргаштааст?!
-Ӯро Калтакалос мегӯянд, сад бор кушанд ҳам, боз зинда мешавад.
-Акои Саидҷон, шӯхиро монед, хонандагони мо мехоҳанд ҳақиқатро фаҳманд…
-Ман шӯхӣ накарда истодаам, Домулло зиё мурд, дар қисмати навбатии филм ҷасадашро ба хок месупоранд, вале…
-Гуфтаниед, ки ба ҷойи “Калтакалос” ягон каси дигарро гӯр мекунанд?
-Рустамҷон, як раги шумо турк нест, магар?
Не, ман 100% тоҷики асил ҳастам. Чаро чунин савол додед?
-Ҳамин хел гап мезанӣ, ки гӯё коргардони ин филм бачаи холат бошад. (Механдад)
-Ҳа, акнун мақсадатонро фаҳмидам! Ман тахмин кардам, ки чунин мешавад, чунки дар ин филм одамони аз он дунё баргаштагӣ бисёранд.
-Шумо, журналистон ҳамаатон кам-кам фолбин ҳам ҳастед ва баъзан пешгӯиҳоятон рост мебароянд.
-Биёед аз мавзӯъ дур наравем. Аҳли оилаи Зуҳро, ки тамоми сирру асрори Домулло Зиёро аз забони домоди калониашон, комиссар Унал фаҳмиданд, марги “Калтакалос”-ро чӣ хел қабул мекунанд? Хурсанд мешаванд, ки аз як ҷинояткор халос шуданд ё дилашон ба домоди ҷавонмаргашон месӯзад?
-Бародар, шумо мухлисони филми моро ноумед накунед. Таркиш ба Домулло Зиё ва Зуҳрою Бетул зарари сахт намерасонад, вале аҳли хонаводаи Зуҳро гумон мекунанд, ки домодашон мурда аст. Бобояш барои танҳо мондани Зуҳро хуб гиряву нола мекунад, вале ….
Чӣ вале?
-Гуфти Холмуроди Сиддиқ “давом дорад”. Ман наметавонам, тамоми ҳодисаҳои филмро нақл кунам. Додар, мемонӣ як луқма нон ёфта хӯрем ё не?!
Акои Саидҷон, илтимос, ба ду-се саволи дигар ҷавоб диҳед!
-Эй бача, лекин ту аз ҳамон Ҳиҷрии шогирди Домулло Зиё ҳам гузарондӣ, мепурсию мепурсӣ! Ин саволҳои ту ҳеҷ тамом намешаванд?!
-Гуфти Левент, ба виҷдони инсоним қасам, то ба ҳамаи саволҳо ҷавоб нагирам, намемонам!
-Хайр, пурс, боз чиро донистан мехоҳӣ?
-Домулло Зиёро дар мавсими нави филм мебинем ё не?
-Домулло Зиё мурд. Қаҳрамони нави мо муаллим аст ва мисли Калтакалос ба ҳар кор биниашро намехалонад.
-Мегӯянд, ки шумо миллионер мешавед ва назаратон дигар ҳар хел одамро намегирад?
-Ман не, Шавкат сарватманд мешавад ва аз пасаш муҳофизон мегарданд. Давлату савлати Шавкатро дида шок мешавед!
-Наход?
— Дар мавсими навбатии филм тамошобинон Шавкатро гоҳе дар симои Терминатор ва гоҳи дигар одам-тортанак (Человек- паук) мебинанд.
-Шавкат аз “Калтакалос” ҳам зӯртар мешавад гӯед?

-Мешавад, лекин дағ-дағаи Шавкат дер давом намекунад. Бандитҳо ӯро ба таври ваҳшиёна мекушанд. Давлату сарваташ аз сараш мемонад!
-Росташро гӯям, ман мухлиси Левент ҳастам. Фақат нагӯед, ки ӯро ҳам мекушанд? Комиссар Унал мурад ҳам майлаш, лекин ба марги Левент тоқат надорам…
-Рустамҷон, маҳ, ин рӯймолчаро гирифта, оби чашмонатро пок кун, охир Шавкатро кушанд, Левентро кушанд, дигар кӣ ин филмро тамошо мекунанд? Мо ҳастем, ки ин филм тамошобин дорад, додар!
-Гуфтаниед, ки Левенту Шавкат ҳам дубора зинда мешаванд?
-Эй додар, даст додем, аз оринҷ нагир! Мехоҳӣ донӣ, ки киҳо зинда мемонанду чӣ мешавад, хасисӣ накарда, ҳар ҳафта диски филмро харида тамошо кун!
-Акаи Саидҷон, биёед ҳардуямон як маслиҳат карда, бартер мекунем.
Чӣ хел бартер?
Ман ба шумо ҳар ҳафта як нусха газетаи “Оила” медиҳам, шумо бошед, ба ман серияи навбатии филмро ҳадя мекунед? Мешавад?
-Мешавад! Буте панҷаи фила шербача!
-Муваффақ бошед!

Суҳбаторо: Рустам Азимӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *